Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути диктатор, Муборак ба таърих пайваст


Саранҷом Ҳуснӣ Муборак, пас аз 30 соли ҳукумат, дар 18-умин рӯзи эътирозҳои мардумӣ аз қудрат канор гирифт.

Ғуруби ҷумъа Умар Сулаймон, муовини раиси ҷумҳурӣ дар як паёми телевизионии кӯтоҳ эълом кард, Ҳуснӣ Муборак аз қудрат канорагирӣ кард.
Умар Сулаймон гуфт: «Дар ин шароит, ки кишвар ба сар мебарад, раиси ҷумҳурӣ Ҳуснӣ Муборак тасмим гирифт аз раёсати ҷумҳурӣ канорагирӣ кунад.» Умар Сулаймон афзуд, Ҳуснӣ Муборак идораи умури кишварро ба «Шӯрои нерӯҳои мусаллаҳ» супурда аст.»

Hosni Mubarak Resigns As Egyptian President
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:57 0:00


Ин паёми кӯтоҳ мавҷе аз шодӣ ва сурурро дар саросари Миср барангехта аст.
Соате пас аз канорагирии Ҳуснӣ Муборак, артиши Миср дар «иттилоияи шумораи се»-и худ эълом кард, ки тадобиреро барои даврони интиқолӣ ба иҷро дар меоварад. Артиш дар ин баёния аз канорагирии Ҳуснӣ Муборак таҷлил кард ва ин иқдомро дар ростои манофеи миллии Миср донист.
Артиши Миср ҳамчунин аз кушташудагони нооромиҳои ахир ба унвони «шаҳид» ёд кард ва таъкид кард, ки ба ҳасосияти авзоъ ва хостаҳои мардум огаҳ аст.

Пеш аз канорагирии Муборак, гузоришҳо ҳокӣ аз ин буд, ки вай ба ҳамроҳии хонаводааш Қоҳираро тарк гуфта ва ба кохи худ дар Шармуншайх, дар соҳили дарёи Сурх рафтааст.

Субҳи ҷумъа артиши Миср бори дигар таъкид кард, ки ислоҳоти демократӣ дар ин кишварро тазмин хоҳад кард, бо ин ҳол тазоҳуркунандагони хашмгин дар ин рӯз ба сӯи кохи раёсати ҷумҳурӣ ва телевизион равона шуда ва бар хостаҳои худ, ки ҳамоно рафтани Муборак буд, исрор меварзиданд.

Муборак, ки дар тӯли 18 рӯзи эътирозҳои мардумӣ гом ба гом аз мавқеи худ ақибнишинӣ карда буд, панҷшанбешаб бо вуҷуди гумонзаниҳо барои эъломи истеъфояш, гуфт то моҳи сентябр дар қудрат боқӣ хоҳад монд, бо ин ҳол танҳо як рӯз баъд аз он, Муборак Қоҳира ва қудратро дар 82 солагӣ тарк кард.

Ҳуснӣ Муборак дар ҳоле аз қудрат канорагирӣ кард, ки барканории давлат, баргузидани Умар Сулаймон ба унвони муовини раёсати ҷумҳурӣ ва ҳатто гуфтугӯ бо гурӯҳҳои мухолиф, муътаризонро розӣ накард ва онҳо барои 18-умин рӯзи паёпай, ҳузури худро дар хиёбонҳо ҳифз карданд.



Ин дуввумин ҳукумати арабӣ аст, ки дар камтар аз як моҳ фурӯ мерезад. 25-уми январ соли ҷорӣ, Зайналобиддин бин Алӣ раиси ҷумҳури собиқи Тунис паз аз 23 соли раёсати ҷумҳурии берақиб истеъфо дод ва ба Арабистони Саудӣ гурехт.

Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки дар шаҳрҳои мухталифи шимоли Африқо ва Ховари Миёна, мардум сарнагунии ҳукумати Муборакро ҷашн гирифтанд. Аз Бейрут то Ғазза мардум дар хиёбонҳо рехта бо оташбозӣ ва сар додани шиор ба истиқболи пирӯзии мардуми Миср рафтанд. Дар Тунис, ки илҳомбахши ҳаракати эътирозии Миср будааст, мардум ба хиёбонҳо рехта фарёди шодӣ сар медоданд.

Ҳусни Муборак, ки 82 сол дорад, дар апрели соли 1975 аз сӯи Анвар Содот ба муовинати раёсати ҷумҳурӣ баргузида шуд, дар 16-уми октябри соли 1981 ва пас аз террори Анвар Содот савганди раёсати ҷумҳуриро ёд кард. Дар моҳи июни соли 1995 Ҳуснӣ Муборак ҳангоме, ки аз Эфиопия дидан мекард, мавриди сӯиқасд қарор гирифт, аммо ҷони солим ба дар бурд.

Вай соли 2003 ҳангоми суханронӣ дар парлумон беҳуш шуд. Вай дар соли 2006 дар Олмон барои як ҷарроҳи бар рӯи камараш, бистарӣ шуд.

Дар моҳи феврали соли 2005 Ҳуснӣ Муборак дастур дод бандҳое ба қонуни асосӣ изофа шавад то барои нахустин бор интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо ширкати номзадҳои дигар баргузор шавад. Паз аз изофа шудани ин бандҳо ба қонуни асосӣ, вай дар сентябри соли 2005 дар нахустин интихоботе, ки номзадҳои дигар низ ширкат доштанд,пирӯз эълом шуд. Дар шашуми марти соли 2010, Муборак ба далели амали ҷарроҳӣ, қудратро муваққатан ба нахуствазир вогузор кард.

Дар 15-уми январи соли 2011 дар вокуниш ба эътирозҳои густурда дар Миср, Ҳуснӣ Муборак барои нахустин бор барои худ муовин баргузид.
Бо идомаи эътирозҳо дар Миср, дар 1-уми феврали соли2011 Муборак эълом кард, ки дигар дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат намекунад., аммо дар айни ҳол гуфт, ки кишварро тарк намекунад ва дар Миср хоҳад мурд.

ВОКУНИШИ ҶАҲОН

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, гуфт, "мисриҳо дунёро дигар карданд" ва "ҷавонони Миср бояд рӯҳияи бунёди ояндаи хешро ҳифз кунанд." Дар изҳороташ, ки пас аз се соати эълони истеъфои Муборак садо дод, Обама гуфт, "Миср дигар он Мисри қаблӣ нахоҳад буд. Иёлоти Муттаҳида ба ҳайси коршарики Миср боқӣ мемонад" ва "амрикоиҳо дар ҳоли дархости мисриҳо ба имдод омода хоҳанд буд."

Лаҳзаҳое пеш аз Обама, ноиб-президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷо Байден дар Вошингтон 11-уми февралро "як рӯзи таърихӣ"-и Миср номид. Вай баъд аз нашри хабари истеъфои Ҳуснӣ Муборак гуфт, "бояд ҳуқуқи умумбашарии мардуми Миср муроот ва ба ормонҳои ин мардум расидагӣ шавад."

Байден афзуд, "гузарише, ки акнун ба вуқӯъ мепайвандад, бояд як тағйири баргаштнопазир ва ҳаракати бомаслиҳат ба сӯи демократия бошад."

Сарвазири Олмон Ангела Меркел изҳор дошт, ки дар Миср тағйире ба самти хубӣ оғоз хоҳад ёфт. Исроил умедвор шуд, ки дигаргунӣ дар Миср ба нақзи равобити сулҳомези байни ду кишвар сабаб нахоҳад гашт. Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод аз рафтани Муборак истиқбол кард.

Дабири кулли Созмони Милал, Бан Ки-мун бори дигар ба интиқоли шаффоф, осоишта ва муназзами Миср ба демократия даъват кард. Вай гуфт, "ман аз мардуми Миср барои чунин шеваи ҷасурона ва муназзами ҳақталабиашон ситоиш мекунам. Ман аз ҳама ҷонибҳо даъват мекунам, корро бо ҳамин шева идома диҳанд." Вай илова кард, ки Созмони Милал омодаи кӯмак ба ин раванд хоҳад буд.

Катрин Эштон, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ дар баёнияе изҳор дошт, ки Муборак ба “садои мардуми Миср” гӯш дод. Катрин Эштон бар аҳамияти қувват бахшидан ба музокироти дар Миср таъкид кард то аз ин рахгузар, ба хостаҳои мардуми Миср посух дода шавад ва субот ба ин кишвар бозгардад.

Туркия низ рафтани Ҳуснӣ Муборакро ба мардуми Миср шодбош гуфт ва таъкид кард хостори гузори ором ба демократия дар ин кишвар аст.
Раҷаб Тайиб Урдуғон, нахуствазири Туркия бо судури баёнияе гуфт: “ Мо аз самими қалб бовар дорем, ки Миср дар пайи ин таҳаввулот, нерӯмандтар зоҳир хоҳад шуд.”

Дар ҳамин ҳол давлати Суис рӯзи ҷумъа эълом кард ҳама ҳисобҳо ва дороиҳои Ҳуснӣ Муборак ва наздиконашро бастааст.

Николо Саркузӣ, раиси ҷумҳури Фаронса низ дар “лаҳзаи таърихӣ” канорагирии Муборакро иқдоме “ шуҷоонава зарурӣ” тавсиф кардааст.

НИГОҲҲО АЗ ТОҶИКИСТОН

Сайфулло Сафаров ба Радиои Озодӣ гуфт, истеъфои Муборак роҳеро барои ҳалли бӯҳрони Миср боз кард. Вай афзуд, агар Муборак пойфишорияшро идома медод, аз эҳтимол дур набуд, ки тарафдорон ва мухолифони ӯ бо ҳам даргир шаванд ва кишварро ба коми ҷанги шаҳрвандӣ тела диҳанд. Ба ақидаи ҷаноби Сафаров синнусоли Муборак дигар ба ӯ имкон намедод, кишварро сарварӣ кунад. Вай изҳори умедворӣ кард, ки ҳайати нав хоҳад тавонист, вазъиятро дар Миср ба эътидол ва тавозун оварда, ислоҳотро роҳандозӣ кунад.
Коршиноси дигари масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, Давлат Усмон истеъфои раисиҷумҳури Миср, Ҳуснӣ Муборакро хотимаи мантиқии рӯйдодҳои 18 рӯзи охири ин кишвар номид ва аз пойфишорию собитқадамии тазоҳуркунандагон ситоиш кард.

Ҷаноби Усмон мегӯяд, инқилоби Миср на танҳо дар натиҷаи фақру фасод ва зулми ҳукумати худкома, балки ҳамчунин бар асари ҷаҳонишавии иттилоъ дар дунё ба вуқӯъ пайваст. Вай афзуд, "ҳоло қарни 21-ум аст ва ҳеҷ раҳбаре наметавонад бо зӯроварию фишор ва бозиҳои сиёсӣ давраи ҳукумати худро беохир тамдид кунад. Ин коршинос мегӯяд, сарони кишварҳое, ки бо мушкилоти шабеҳ ба мушкилоти Миср рӯбарӯянд, бояд аз рӯйдодҳои охири ин кишвар дарси иборат гиранд ва дар мамолики хеш ислоҳоти фаврӣ оғоз намоянд. Дар акси ҳол, ҳадс мезанад ҷаноби Усмон, аз эҳтимол дур нест, ки мавҷи бедорӣ ва ҳақталабӣ аз Тунису Миср ба кишварҳои дигари ҷаҳони савум
XS
SM
MD
LG