Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборак билохира истеъфо дод


Раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак рӯзи ҷумъа, дар рӯзи 18-уми эътирозҳои густарда алайҳи ҳукумати сисолаи ӯ истеъфо дод. Хабари истеъфои Муборакро ноиби ӯ Умар Сулаймон эълон кард ва гуфт, умури идораи Мисрро акнун низомиҳо бар дӯш мегиранд: “Раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак тасмим гирифт, аз мақом канор равад. Ӯ аз Маҷлими олии нирӯҳои мусаллаҳ хотс, то назорати умури давлатиро ба даст бигирад.”
Ин дар ҳолест, ки қаблан расонаҳо, аз ҷумла телевизиони Ал-Арабия хабар дод, ки Муборак бо аҳли хонаводааш пойтахт – Қоҳираро тарк гуфта, ба Шармулшайх, осоишгоҳе дар соҳили баҳри Сурх рафтааст.
Шаби панҷшанбе Муборак гуфт, як бахши салоҳиятҳояшро ба ноибаш Умар Сулаймон медиҳад, вале худ то моҳи сентябр, яъне то интихоботи ҷадид ва хатми давраи кунунии раёсаташ дар мақом хоҳад монд. Ба дунбол, рӯзи ҷумъа артиши Миср бо пуштибонӣ аз ин барномаи таҳвили қудрат ва тазмини иҷрои ислоҳот ва баргузории як интихоботи озоду одилона дар соли ҷорӣ аз эътирозгарон даъват кард, хона ба хона шаванд.
Вале эътирозгарон ба истеъфои билофосилаи Муборак исрор варзида, дар рӯзи ҷумъа ба раҳпаймоиҳои нави густарда даъват карданд. Дар ин рӯз садҳо ҳазор эътирозгар дар атрофи қароргоҳи асосии раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак дар Ҳолеополис ва ҳам дар рӯбарӯи бинои телевизиони Миср дар наздикии майдони Таҳрири Қоҳира гирди ҳам омаданд. Хабари истеъфои Муборакро эътирозгарон бо шавқу шӯр истиқбол карданд.
XS
SM
MD
LG