Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози бозиҳои Ҷоми даъвати AFC


Ҷоми даъвати AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё) бо бозиҳои интихобӣ шурӯъ шуд. Дар се бозии аввал 6 тими миллӣ ширкат кард.

Камбоҷа бар Макао бо ҳисоби 3:1, Филиппин бар Муғулистон бо ҳисоби 2:0 ва Тайван бар Лаос бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуданд.

Вале санаи баргузории бозии тимҳои миллии Бутан ва Афғонистон ҳанӯз мувофиқа нашудааст.

Бозиҳои ҷавобӣ миёни дастаҳои Макао – Камбоҷа ва Лаос – Тайван 16-уми феврал баргузор мешаванд. Тими Муғулистон дар бозии ҷавобӣ дар майдони худ бо мунтахаби Филиппин 15-уми март қувваозмоӣ хоҳад кард.

12 дастае, ки бар асоси натоиҷи мусобиқоти соли 2010-ум рейтинги баландтар дорад ва чаҳор тими ғолиби даври аввал , ҷамъ 16 даста, дар сабқати гурӯҳӣ ширкат хоҳанд кард.

Дастаҳо ба чаҳор гурӯҳ тақсим мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба сабқати ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Сабқати гурӯҳӣ аз 20-ум то 31-уми марти соли 2011-ум дар майдони яке аз ширкаткунандагон баргузор мешавад. Сабқати ниҳоӣ соли 2012-ум доир хоҳад шуд.
Ҷадвали Ҷоми даъвати AFC:

Даври 1 (9-10 феврал, 16 феврал ва 15 марти соли 2011-ум)

Плей-офф 1: Бутан – Афғонистон (санаи баргузории бозӣ мувофиқа нашудааст )
Плей-офф 2: Филиппин – Муғулистон - 2:0
Плей-офф 3: Тайван – Лаос - 5:2
Плей-офф 4: Камбоҷа – Макао - 3:1

Сабқати гурӯҳӣ (20-31 марти соли 2011-ум)

Гурӯҳи «А»: Мянмар, Фаластин, Бангладеш, ғолиби плей-офф 2
Гурӯҳи «В»: Туркманистон, Ҳиндустон, ғолиби плей-офф 3, Покистон
Гурӯҳи «С»: Тоҷикистон, Ҷазоири Молдив, ғолиби плей-офф 4, Қирғизистон
Гурӯҳи «D»: Кореяи Шимолӣ, ғолиби плей-офф 1, Непал, Шри-Ланка
XS
SM
MD
LG