Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Рустам Долтабоев: Натоиҷи бозиҳои сабқати минтақаи Душанбе


Мавсими нави футбол дар Тоҷикистон бо сабқати минтақаи шаҳри Душанбе барои Ҷоми хотираи Рустам Долтабоев, футболбози маъруфи тоҷик, оғоз ёфт.

Бозиҳои ин минтақа дар майдони футболи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов бо ширкати 10 даста ҷараён дорад. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд.

Дар даври аввали мусобиқот дар гурӯҳи “А” “Локомотив”-и Душанбе бар ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 ва “Регар-ТадАЗ-1”-и Турсунзода бар “Гвардия”-и Душанбе бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуданд.

Дар сабқати гурӯҳи “Б” тими “Энергетик”-и Душанбе бар дастаи РШВСМ (Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ)-и Душанбе бо ҳисоби 7:0 ғалаба кард.

Бозии “Регар-ТадАЗ-2”-и Турсунзода ва ”Истиқлол-2”-и Душанбе бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Тимҳои “Шодмон”-и Ҳисор ва “Хайр”-и Ваҳдат аз бозии даври аввал озод буданд.

Бозиҳои даври дуввуми мусобиқа рӯзҳои шанбе ва якшанбе баргузор хоҳанд шуд: 12-уми феврал – “Локомотив” – “Гвардия, “Шодмон – ССКА “Помир”, 13-уми феврал – “Хайр” – РШВСМ, “Энергетик» - «Регар-ТадАЗ-2».

Шавкат Аҳмадов, масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, сабқати интихобӣ дар Душанбе то рӯзи 23-юми феврал идома хоҳад кард. Вай афзуд, баъдан 8 дастаи беҳтарин (чаҳор даста аз минтақаи Душанбе ва дудастаӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон) дар марҳилаи ниҳоӣ, ки моҳи март дар пойтахти кишвар доир хоҳад шуд, рақобат мекунанд.
XS
SM
MD
LG