Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дафтари Муборак дар садади нашри изҳороти "муҳим"


Рӯзи ҷумъа даҳҳо ҳазор эътирозгар дар атрофи қароргоҳи асосии раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак ва бинои телевизиони Миср гирди ҳам омаданд. Онҳо хатми билофосилаи ҳукумати сисолаи Муборакро талаб мекунанд. Телевизиони давлатӣ гуфт, қарор аст, дафтари раёсатҷумҳурӣ як изҳороти “муҳим ва оҷил” нашр кунад. Ин дар ҳолест, ки бино ба гузориши ТВ Ал-Арабия, Муборак ва аҳли хонаводааш пойтахтро тарк карда, ба Шармулшайх, осоишгоҳе дар соҳили баҳри Сурх рафтааст.
Ҳуснӣ Муборак ахиран ба таҳвили бархе салоҳиятҳои худ ба ноибаш Умар Сулаймон ризоият дод. Ба дунбол, артиши Миср бо тазмини иҷрои ислоҳот ва баргузории як интихоботи одилона ва озод дар соли ҷорӣ аз эътирозгарон даъват кард, ба ҳаёти оддӣ баргарданд. Аммо эътирозгарон ҳамчунон ба истъефои билофосилаи Муборак исрор меварзанд.
XS
SM
MD
LG