Пайвандҳои дастрасӣ

Созмонҳои рӯзноманигорӣ ва расонаҳои Тоҷикистон сабти ном тариқи «равзанаи ягона» ва муқаррар шудани ҳадди ақалли музди меҳнат барои муассиаҳои ғайридавлатиро хатароти нав ба озодии баён унвон карданд.

Нигарониҳои рӯзноманигорон зимни ҳамоиши вижае таҳти унвони «Таҳдидҳои нав ба васоити ахбори умуми Тоҷикистон ва роҳҳои ҷилавгирии онҳо» баён шуд.

Хатароти "зериобиву тагисангӣ"

Ин ҳамоиш бо ибтикори Эътилофи расонаҳо ё Медиа Алянси Тоҷикистон ва Бунёди Сорос ва ширкати созмонҳои дохиливу хориҷии расонаӣ ва рӯзноманигорон аз саросари кишвар сурат гирифт. Масъулини расонаҳо бар инанд, ки муқаррароти нав мушкилоти молӣ эҷод ва дар дарозмуддат ба муфлисшавии матбуоти озод хоҳад овард.

Акбари Саттор
Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон ва муассиси ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Чархи гардун», ки 8 ҳафтаномаро муттаҳид мекунад гуфт, дар пайи маҳдудиятҳо ва ба додгоҳ кашиданҳои моҳҳои ахир, боз хатароти «зериобиву тагисангӣ» дар шакли сабти ном дар мақомоти андоз барои нашрияҳои мустақил халқ шудааст:

«Мушкил дар ин аст, ки қонуни кунунии матбуот мегӯяд, бояд ҳар як воситаи ахбори умум ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шавад, яъне талаби мақомоти андоз дар ин маврид дуруст, қонунӣ аст. Аммо амалан дуруст нест. Чӣ тавр? Ҳоло талаботи нав ин аст, ки агар дар ҶДММ 6 нашрия бошад, бояд ҳар яки онҳо муҳосибот (бухгалтерия) дошта, комилан соҳибихтиёр бошанд. Ин мантиқан ҳам дуруст нест».

Тибқи муқаррароти ҷадиди андоз, ки аз 1 январи соли равон дар Тоҷикистон ҷорӣ шудааст, тамоми корхонаву муассисаҳои кишвар бояд тариқи «равзанаи ягона» сабти ном шаванд. Расонаҳои Тоҷикистон низ ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ бояд аз ин сабти ном гузаранд, аммо Ҷунайд Ибодов, коршинос дар умури ҳуқуқ мегӯяд, мақомоти андоз чорумин ниҳоде хоҳад буд, ки фаъолияти расонаҳоро танзим хоҳад кард.

Вай афзуд, тибқи қонуни ҷории матбуот, аз соли 1990 расонаҳоро бояд хадамоти нотариалӣ сабти ном кунанд, аммо соли 2003 ин масъулият ғайриқонунӣ ба вазорати адлия гузашт ва соли 2007 вазорати фарҳанг низ ҳаққи сабти номи онҳоро гирифт. Вай афзуд, ҳоло ҳамаи ин ниҳодҳо ҳуқуқ доранд, ки сабти ном кунанд:

«Ду даҳсола боз киҳое нестанд, ки ба ин машғул мешаванд. Як соҳиб даркор, соҳиб на ба маъное, ки ҳар кас масъулиятро гираду қонунҳои худро сари расонаҳо бор кунаду фишор ораду расонаҳои озодро маҷақ кунад. Танзим кунад, ки ҳамин бесарусомонӣ барҳам хӯрад. Ягон оҷонсӣ ё ниҳоди давлатие бошад, ки лоақал як навъ фаҳмидани қонунҳоро таъмин кунад»

Нигаронии дигари рӯзноманигорон аз 1-уми январи соли равон 562 сомонӣ муайян шудани ҳаққи ақалли музди меҳнат барои корхонаву муассисаҳои ғайридавлатӣ дар шаҳри Душанбе аст, ки аксари кулли расонаҳо дар ин шаҳр фаъолият мекунанд.

Масъулини нашрияҳо нигаронанд

Хуршеди Атовулло, раиси Эътилофи расонаҳои Тоҷикистон ва сардабири нашрияи «Фараж» мегӯяд, баъд аз манъи семоҳаи фаъолият, ҳоло ҳафтаномааш аз чопхонаву дигар хадамот 55 ҳазор сомонӣ қарздор шудааст
Хуршед Атовулло
ва роҳандозии ҳатмии ҳадди ақалли маош бар мушкилоти молиявии ҳафтаномааш хоҳад афзуд.

Оқои Атоуллоев афзуд: «Тамоми сардабирони нашрияҳову созмонҳои ғайридавлатие, ки ман сӯҳбат доштам, мегӯянд, ки роҳи ҳал, коҳиш додани теъдоди кормандон ва ба боқимондаҳо бор кардани масъулияти бештар аст»

Шарифи Ҳамдампур, раҳбари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Оила», муассиси 8 нашрия роҳандозии ҳатмии ҳадди ақалли маош барои корхонаву муассисаҳои ғайридавлатиро ғайривоқеӣ унвон кард.
Вай афзуд: «Корхонаҳо маҷбуранд ба иқдоми дигар даст зананд, яъне теъдоди кормандонашонро коҳиш диҳанд ва ҳадди ақали маошро боло баранд. Аммо ин ба чӣ меорад? Сафи бекорон меафзояд ва норизоиятиҳои мардумро дар Тоҷикистон меафзояд, ки паёмадҳои нохуби амниятӣ хоҳад дошт»

Акбари Саттор мегӯяд, мушкилоти ҷадиди нашрияҳо бояд дар лоиҳаи нави қонуни матбуот аз миён бурда шаванд.

Хавфи басташавии нашрияҳои "номақбул"

Лоиҳаи қонуни нави Тоҷикистон дар бораи васоити ахбори умум ҳоло дар баррасии парлумони Тоҷикистон қарор дорад. Аммо Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ, узви комиссиюни омодасозии ин қонун мегӯяд, хатари аввалин ба озодии баён худи рӯзноманигоронанд, ки дар кори таҳияи қонуни барои онҳо сарнавиштсоз фаъолона ширкат намекунанд.

Вай афзуд, то ба ҳол дар бораи мушкилоти андоз ба масъулини ин қонун, ки дар як ду моҳи оянда бояд аз сӯи парлумон ба тасвиб расад, пешниҳоде нарасидааст: «Он пешниҳодҳое, ки имрӯз рӯзноманигорон мекунанд, агар баррасӣ нашавад, зарурати аз дигар сабти ном шудани васоити ахбори умум лозим меояд, ки дар он сурат бархе нашрияҳои барои мақомот номақбул баста хоҳанд шуд»

Нигарониҳо аз сабти ном тариқи «равзанаи ягона» ва муқаррар шудани ҳадди ақалли музди меҳнат дар ҳолест, ки мақомот тайи моҳҳои ахир иддае аз расонаҳои чопиву сомонаҳои мустақили Тоҷикистонро муваққатан манъ карда буданд. Як соли расо ба ин сӯ дар кишвар равандҳои додгоҳии нашрияҳои мустақил идома доранд ва шикоятҳои нави мақомот низ аз расонаҳо ба додгоҳҳо расидаанд.

Иддае аз коршиносон мегӯянд, ин фишорҳоро метавон тариқи қонуни нави матбуот ҷилавгирӣ кард, аммо иддае ҳам бар инанд, ки он маҳдудиятҳои навро барои расонаҳо «ҳадя» хоҳад овард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG