Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон дар Тоҷикистон ба арзиши ним миллиард доллар, корхонаи тавлиди семент месозад.

Эрону Тоҷикистон ахиран дар ин бора қарордод имзо карданд. Ин корхонаи бузургро ширкати «Лион ковони кинихо»-и Эрон хоҳад сохт.

Эрон корхонаи сементбарорӣ месозад

Алиасғар Шеърдӯст ва Давлат Назрӣ
Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар Душанбешаҳр дар ин бора гуфт: «Маҳалли корхонаи сементсозӣ, ки мо пешниҳод кардем, ноҳияи Носири Хисрав аст. Асноди лозим дар ин бора имзо шудааст. Мунтаҳо як мушкили кӯчаки фаннӣ боқӣ мондааст, ки он ҳам тазмини сармояҳо аст ба ин далел, ки баъзан сармояҳо сарозер мешаванду тазмини ончуноние аз сӯи ҳукумат ироа намешавад. Замони иҷрои ин тарҳ якуним сол аст.»

Вай афзуд, вале вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон тақозо дорад, ки мо то мавриди истифодаи комил қарор додани ин корхонаи сементсозӣ як бахши кӯчаки онро дар яке аз ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бисозем. Ва ҳоло сармоягузори эронӣ сари ҳамин масъале баҳс даранд.

Бино ба гуфтаи мутахассисон, корхонаи семент, ки қарор аст Эрон бисозад, дар сол тавони истеҳсоли беш аз 1 миллион тонна сементро дорад. И н дар ҳолест, ки соли 2010 дар Тоҷикистон 288 ҳазор тонна семент истеҳсол шудааст, ки ниёзи Тоҷикистонро бароварда сохта наметавонад. Ва бахши аъзами семент ба Тоҷикистон аз Покистон ворид мешавад.

Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон шаш корхонаи тавлиди семент фаъол аст ва калонтарини он корхонаи «Тоҷиксемент» мебошад, ки дар ҳоли ҳозир ба зарфияти комил кор намекунад.

Нигаронии Эрон дар мавриди тазмин ва ё кафолати сармояҳо дар он аст, ки ахиран ҳодисаи сирқати амвол ва сармояи ширкатҳои эронӣ аз сӯи тоҷирон ва соҳибкорони Тоҷикистон матраҳ буд. Ва ҳоло ҳам ин моҷаро миёни Тоҷикистон ва Эрон ҳалношуда боқӣ мондааст.

Ду нерӯгоҳ дар дарёи Сурхоб дар назар аст


Ҳамчунин сафири Эрон дар Тоҷикистон дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ки Эрон бо тақозои Тоҷикистон тасмим дорад ду нерӯгоҳи барқии тавони миёна-- «Нуробод-1» ва « Нуробод-2» -ро дар рӯдхонаи Сурхоб бунёд кунад.

Алиасғари Шеърдӯст сафири Эрон дар Тоҷикистон дар ин бора гуфт:
«Мавзӯи сохтмои ин ду нерӯгоҳ аз сӯи Эрон якуним моҳи пеш дар замони банд андохтани маҷрои рӯдхонаи Вахш барои сохтмони баданаи нерӯгоҳи Сангтӯда-2, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кард, матраҳ шуд. Ва вазорати нерӯи Эрон як ҳайатро муваззаф кардааст ба ин масъала расидагӣ кунанд. Ва ҳоло омӯзиши муқаддамоти идома дорад ва то замони ба санад расидани ин тавофуқ, 2-3 марҳилаи омӯзиширо дар пеш дорад.»

Ин дар ҳолест, ки пас аз ин иқдоми Эрон дар бораи сохтмони нерӯгоҳҳои «Нуробод-1» ва « Нуробод-2» Русия ва аз сӯи дигар, Чин эълом кардаанд, ки барои сохтмони нерӯгоҳҳои «Нуробод-1» ва « Нуробод-2» омодаанд.

Рақобат бар сари тарҳҳои энержии Тоҷикистон

Рақобати Русия ва Эрон дар мавриди сохтмони нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистон ба соли 2004 бармегардад. Замоне, ки аввалин бор Эрону Тоҷикистон дар бораи сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда" қарордод имзо карданд. Русия фавран намояндагони худро ба Тоҷикистон фиристод ва Тоҷикистон бо Русия низ маҷбур шуд дар бораи сохтмони "Сангтӯда" қарордод имзо кунад. Ва баъди имзои ин қарордод бо ибтикори Русия тарҳи сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ба миён омаду онро ба Эрон доданд.

Ба гуфтаи бархе аз коршиносон, ин иқдоми Эрон низ боиси сохтмони дигар нерӯгоҳои дигар дар Тоҷикистон азсӯи Русия ва Чин хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки Эрон дар соли 2010 бузургтарин сармоягузори Тоҷикистон дониста шуд ва ҳудуди 300 миллион доллар сармояи Эрон ба Тоҷикистон сарозер шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG