Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раддубадалҳои лафзӣ байни Лавров ва Маэҳара


Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзи ҷумъа ҳамтои ҷопониаш Сейҷӣ Маэҳараро бо баёнияҳои шадидуллаҳн истиқбол кард. Мулоқоти онҳо дар Маскав дар пасманзари танишҳои Маскаву Токио бар сари ҷазираҳои баҳсии Курил доир шуд. Лавров дар оғози дидор ба Маэҳара гуфт, сафари ӯ дар пайи “як силсила иқдомоти комилан ғайриқобилиқабул”-и ҷониби Ҷопон доир мешавад. Сарвазири Ҷопон Наото Кан боздиди бесобиқаи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев аз ҷазираҳои баҳсии Курил дар моҳи ноябрро “нобахшиданӣ” номида буд.
Лавров баъди мулоқот гуфт, ки Русия ба ҷазираҳои Курил сармоягузории бештар карда, сармоягузорони хориҷиро низ ба ин минтақаи баҳсӣ даъват мекунад. Маэҳара гуфт, Ҷопон ба чунин рафтор посухи шадид хоҳад дод. 4 ҷазираи Курилро Шӯравӣ дар поёни ҷанги дуввуми ҷаҳон забт кард. Аммо Ҷопон то ҳол ин сарзаминҳоро бахше аз марзи худ мешиносад.
XS
SM
MD
LG