Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборак ва хонаводааш аз Қоҳира рафтанд?


Рӯзи ҷумъа даҳҳо ҳазор эътирозгар дар атрофи дафтари телевизиони Миср дар наздикии майдони Таҳрири Қоҳира ва дар Ҳелиополис, маҳалли қароргоҳи асосии раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак бо талаби хатми билофосилаи ҳукумати ӯ гирди ҳам омаданд. Ин дар ҳолест, ки бино ба гузориши телевизиони Ал-Арабия, Муборак ва аҳли хонаводааш пойтахтро тарк карда, ба Шармулшайх, осоишгоҳе дар соҳили баҳри Сурх рафтааст.
Қаблан артиши Миср бо тазмини иҷрои ислоҳот ва баргузории як интихоботи одилона ва озод дар соли ҷорӣ аз эътирозгарон даъват кард, ба ҳаёти оддӣ баргарданд.
Дар изҳороти Маҷлиси олии низомии Миср, ки тавассути телевизион қироат шуд, аз ҷумла гуфта мешавад: “Шӯро иҷрои ин қарорҳоро замонат медиҳад: Лағви вазъи изтирорӣ дар пайи хатми ҳаводиси кунунӣ, расидагӣ ба шикоёти марбут ба интихоботи парлумонӣ, ислоҳоти лозими қонунҳо ва баргузории интихоботи озоду одилона дар пайи ислоҳи Қонуни асосӣ.”
Ҳуснӣ Муборак ахиран фақат ба таҳвили бархе салоҳиятҳои худ ба ноибаш Умар Сулаймон ризоият дод. Аммо ин мухолифини ӯро қаноат надод ва онҳо ҳамчунон ба истеъфои билофосилаи Муборак исрор меварзанд.
XS
SM
MD
LG