Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паймони мушорикати “Nokia” ва “Microsoft”


“Nokia” ва“Microsoft”, бузургтарин ширкатҳои телефони мобил ва компутарии дунё мегӯянд, ба хотири рақобат бо “Google” ва “Apple” дар бозори смартфонҳо, ки ба рушди пурсуръате рӯбарӯст, нирӯҳои худро муттаҳид мекунанд.
“Nokia” гуфт, истифода аз барномаи “Windows Phone”-и Microsoft роҳ ёфтани телефонҳои “оқил”-аш ба бозорро суръат хоҳад дод. Мудиромили ҷадиди “Nokia” Стивен Элоп гуфт, дар натиҷаи ин ҳамкорӣ теъдоди ҷойҳои корӣ ва масрафи таҳқиқотии ширкат низ коҳиш хоҳад ёфт. Элоп дар моҳи сентябр маҳз аз “Microsoft” ба “Nokia” ба кор гузашт.
Бо нашри ин хабар, қимати саҳмияҳои “Nokia” 10 дарсад пойин рафт. Саҳми “Nokia” дар бозори смартфонҳо дар 3 моҳи ахири соли гузашта 7 дарсад коҳиш ёфта, ба 31 фоиз расид.
XS
SM
MD
LG