Пайвандҳои дастрасӣ

Истеъфои раҳбари куммиссиюни забони қирғизӣ


Раҳбари куммиссиюни миллии рушди забони давлатии Қирғизистон ба маҳзи барномаи табдили номҳои ҷуғрофии русӣ истеъфо дод. Дафтари матбуоти раиси ин ҷумҳурӣ Роза Отунбоева гуфт, ки Азимҷон Иброҳимов бо ихтиёри худ аз кор рафтааст. Аммо Иброҳимов ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳти фишори як мақоми аршад барои рафтан ариза додааст.
Ӯ аз ташреҳи далоили барканориаш худдорӣ кард, вале ба гуфтаи манобеъи наздик ба дафтари раёсатҷумҳурӣ, Азимҷон Иброҳимовро ба маҳзи барномаи табдили номҳои русӣ, ки бо қасди Бишкек барои эҷоди равобити хуб бо Маскав муноқиз буд, сабукдӯш кардаанд. Азимҷон Иброҳимов мехост, ба ҷои номҳои бозмонда аз замони Шӯравӣ ба шаҳру рустоҳои Қирғизистон номҳои таърихии ин мавозеъ гузошта шавад.
XS
SM
MD
LG