Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти Муборак, ки гуфт, аз мақомаш истеъфо нахоҳад дод, бисёриҳоро дар Тоҷикистон дилсард кард.

Намояндаи Ҳизби коммунист дар порлумони Тоҷикистон, Исмоил Талбаков ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоле ки рӯйдодҳои Мисрро аз ахбори шабакаҳои телевизионии "Евронюз" ва "Ҷаҳоннамо" бодиққат дунбол мекунад, интизори инро дошт, ки ақли солим бартарӣ пайдо мекунад. Вай аз таърихи начандон дури Тоҷикистон ёдовар шуд ва гуфт, аз вазъе ки акнун дар Миср ба миён омад, чиз хуберо интизор шудан душвор аст:

"Ман фикр мекардам, ақли солим бартарӣ меёбад ва Муборак ба хотири ҷилавгирӣ аз хушунату хунрезӣ ва парокандагии миллату фурӯпошии давлат
Исмоил Талбаков
ба истеъфо меравад. Ман интизори инро доштам, ки вай манфиатҳои хусусияшро қурбон мекунад ва ба интиқоли осоиштаи қудрат ризоият медиҳад. Зеро агар мардум метавонист, то поёни давраи раёсатҷумҳурии Муборак интизор бимонад, ба майдон намерехт. Ҳоло телевизионҳои ҷаҳонӣ хабар доданд, ки издиҳом ба наздиктари кохи раёсатҷумҳурӣ ҳаракат мекунад. Ин кор ягон оқибати хуб надорад. Мо аз таҷрибаи худ дар Тоҷикистон медонем, ки ҳоло як вазъи бисёр хатарзое ба миён омад. Охир, агар дар ҳамон солҳои 1990-ум дар ватани мо интиқоли осоиштаи қудрат ба амал меомад, мумкин мо аз ҷанги хунин дар кишвар эмин мемондем. Ҳоло ҳам дер нашудааст. Муборак бояд ба даъвати сарони ҷаҳон дар бораи супурдани қудрат ба хотири манофеи умумимиллӣ, на шахсӣ гӯш диҳад."

Исмоил Талбаков ба ёд овард, ки дар як чунин вазъият 11 сол пеш, раисиҷумҳури Русия, Борис Елтсин тасмим гирифт, ба таври осишта аз қудрат канор равад. Вай афзуд, ҳар раҳбари давлат бояд инро ба дурустӣ дарк кунад, ки "ба чӣ роҳе ба қудрат расидӣ, ин дигар таърихи гузашааст. Вале бояд ба хубӣ аз қудрат рафт, то одамон аз ту ба некӣ ёд кунанд."

Журналист ва коршиноси масоили сиёсӣ Марат Мамадшоев, ки низ ҳаводиси Мисрро дунбол мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, зоҳиран, "Муборак умуман аз воқеият дур шудааст."

"Эътироз рӯ ба афзоиш дорад. Вале ман бар ин нестам, ки хунрезии зиёде хоҳад шуд. Зеро агар Муборак фишангҳои қудратро дар даст медошт, кайҳо истифода мекард. Артиш дар канори мардум истод ва Муборак амалан такягоҳе надорад."

Марат Мамадшоев
Мамадшоев гуфт, баъд аз ҳокимияти 30-сола бар Миср Муборак "тамоман аз мардум ҷудо ва дур шудааст. Вай тасаввур намекунад, ки дар амал чӣ чизҳое мегузарад ва ба чӣ оқибате расонида метавонад."

Бо қиёси шеваи раҳбарии Муборак бо авзоъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Мамадшоев тахмин зад, ки тасмими раисиҷумҳури Миср ба боқӣ мондан дар сари қудрат бозтоби ормони аъзои сулолаест, ки дар атрофи ҳокимияти ӯ ба вуҷуд омадааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG