Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавзеъгирии артиши Миср дар қиболи буҳрони сиёсӣ


Низомиёни Миср бо тазмини иҷрои ислоҳот аз эътирозгароне, ки 18 рӯз боз истеъфои билофосилаи раиси ин ҷумҳурӣ Ҳуснӣ Муборакро талаб доранд, даъват карданд, ба ҳаёти оддӣ баргарданд. Артиши Миср аз омодагиаш ба лағви вазъи изтирорӣ ба муҷарради оддӣ шуданиавзоъ дарак дода, баргузории як интихоботи озоду одилонаро дар соли ҷорӣ низ ваъда супурдааст. Дар изҳороти Шӯрои олии низомии Миср, ки тавассути телевизион қироат шуд, аз ҷумла омадааст: “Шӯро иҷрои ин қарорҳоро замонат медиҳад: Лағви вазъи изтирорӣ дар пайи хатми ҳаводиси кунунӣ, расидагӣ ба шикоёти марбут ба интихоботи парлумонӣ, ислоҳоти лозими қонунҳо ва баргузории интихоботи озоду одилона дар пайи ислоҳи Қонуни асосӣ.”
Ҳуснӣ Муборак фақат ба таҳвили бархе салоҳиятҳои худ ба ноибаш Умар Сулаймон ризоият додааст. Аммо эътирозгарон аз ин изҳорот ба хашм омада, бо талаби истеъфои билофосилаи ӯ ба раҳпаймоиҳои боз ҳам густарда даъват кардаанд. Онҳо рӯзи ҷумъа ба ҷуз аз майдони Таҳрири Қоҳира, дар рӯбарӯи дафтари телевизион ва Кохи раёсатҷумҳурии Миср низ гирди ҳам омаданд.
XS
SM
MD
LG