Пайвандҳои дастрасӣ

Акси Бибиоиша ҷоизаи ҷаҳониро ба даст овард


Акси зани афғоне, ки шавҳараш гӯшу бинии ӯро буридааст, яке аз мӯътабартарин ҷоизаҳои фотожурнализими дунёро ба даст овард. Акси аз Бибиоишаи 18-сола бардоштаи аксбардор аз Африқои ҷанубӣ Ҷодӣ Бейбер, ки рӯзи 1 август дар муқоваи маҷаллаи амрикоии "Time" нашр шуда буд, соҳиби ҷоизаи World Press Photo –2010 шудааст. Ҳайъати доварони ин ҷоиза гуфт, бо вуҷуди хеле таккондиҳанда буданаш, онҳо ба хотири расидагӣ ба мавзӯъи хушунат алайҳи занон ҳамин аксро ғолиб донистанд.
Бибиоиша баъдан аз сӯи нирӯҳои Амрико наҷот дода шуд ва феълан дар Амрико ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG