Пайвандҳои дастрасӣ

Арҷгузории ҷашнвораи Берлин ба Ҷаъфар Паноҳӣ


Дар ҷашнвораи филми Берлин мехоҳанд ба филмсози дигарандеши эронӣ Ҷаъфар Паноҳӣ арҷ гузоранд. Паноҳӣ дар моҳи декабр бо ҷурми “таблиғи зидди низом” ба 6 соли зиндон маҳкум шуд. Ба дунболи маъракаҳои ҳимоят аз ин коргардон, ки дар ҷашнвораҳои Канн ва Венетсия сурат гирифт, ҷашнвораи 61-уми Берлин низ Ҷаъфар Паноҳиро ба ҳайъати доварони худ даъват кард. Вале додгоҳи Эрон Паноҳиро барои 20 сол аз ҳаққи сафар ба хориҷ ва сохтани филм ҳам маҳрум кардааст. Рӯзи ҷумъа дар Берлин филми мазҳакавии “Оффсайд”-и Ҷаъфар Паноҳӣ намоиш дода шуда, дар маҷмӯъ тайи 10 рӯзи ин ҷашнвора намоиши 4 филми ӯ дар назар дошта шудааст.
Рӯзи сешанбе дар ҷашнвораи Берлин “Нодир ва Симин”, маҳсули коргардони дигари эронӣ Асғар Фарҳодӣ низ дар маърази тамошо гузошта хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG