Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Лавров аз иқдомоти Токио дар қиболи Курил


Рӯзи ҷумъа вузарои хориҷаи Русияву Ҷопон Сергей Лавров ва Сейҷӣ Маэҳара ба дидори ҳам рафтанд. Лавров дар оғози мулоқот аз иқдомоти, ба гуфтаи ӯ, ”ғайриқобилиқабул”-и ҷониби Ҷопон интиқод кард. Ин мулоқот дар пасманзари танишҳои Маскаву Токио бар сари ҷазираҳои баҳсии Курил сурат мегирад. 4 ҷазираи Курилро нирӯҳои Шӯравӣ дар поёни ҷанги дуввуми ҷаҳон забт карданд. Аммо Ҷопон то ҳол ба ин қаламрав даъво дорад ва ин боис шуда, ки то ҳол паймони сулҳ байни Маскаву Токио расман имзо нашудааст. Боздиди раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев аз ин қаламрав дар ноябри гузашта мояи қаҳри сахти Токио шуд.
XS
SM
MD
LG