Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров имрӯз бо Маэҳара мулоқот мекунад


Қарор аст, имрӯз вузарои хориҷаи Русияву Ҷопон Сергей Лавров ва Сейҷӣ Маэҳара ба дидори ҳам бираванд. Ин мулоқот дар пасманзари танишҳои ахири Маскаву Токио бар сари ҷазираҳои баҳсии Курил доир хоҳад шуд. 4 ҷазираи Курил, ки Ҷопон онро ҳамчун қаламрави шимолии худ ном мебарад, дар поёни ҷанги дуввуми ҷаҳон аз сӯи Артиши Шӯравӣ ишғол шуд.
Баҳс бар сари ин ҷазоир то ҳол монеъи имзои қарордоди расмии сулҳ байни Русияву Ҷопон шудааст. Боздиди раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев аз ин қаламрав дар ноябри гузашта боиси бурузи танишҳо шуд. Ахиран Медведев ҷиҳати истиқрори таслиҳоти бештар дар ин ҷазираҳо амр дод.
Дар пешорӯи мулоқоташ бо Лавров, Сейҷӣ Маэҳара такроран гуфт, ки Ҷопон ин ҷазираҳоро як бахши ҷудоинопазири қаламрави худ мешиносад.
XS
SM
MD
LG