Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Замони ҳабси дипломати амрикоӣ 14 рӯз тамдид шуд


Пулиси Покистон мегӯяд, амрикоие, ки моҳи гузашта ду покистониро дар шаҳри Лоҳур кушт, ба хотири дифоъ аз худ амал накардааст. Раҳбари пулиси Лоҳур гуфт, муфаттишон ин қазияро “куштори ошкор” меҳисобанд. Парвандаи марде, ки аз ӯ Раймонд Девис ном мебаранд, мояи таниш байни Амрикову Покистон шудааст. Субҳи ҷумъа қозии Покистон замони боздошти ин амрикоиро то 14 рӯзи дигар тамдид кард ва аз ҳукумат хост, то даъвои Вошингтон дар мавриди масунияти дипломатӣ доштани ӯро тадқиқ кунад. Худи муттаҳам мегӯяд, ду мотосиклрони мусаллаҳ мехостанд ӯро бирабоянд ва ӯ ба хотири наҷоти ҷонаш ҳардуро паррондааст.
XS
SM
MD
LG