Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Муборакро эътирозгаронро қонеъ накард


Эътирозгарони мисрӣ дар пайи аз тарки мақом даст кашидани раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак ваъда додаанд, ки имрӯз бо талаби истеъфои билофосилаи Муборак шумори бузурги мардумро ба хиёбонҳо хоҳанд хонд. Онҳо азм доранд, имрӯз дар рӯбарӯи Кохи раёсатҷумҳурии Миср гирди ҳам биоянд.
Муборак дирӯз танҳо тағйирот ба Қонуни асосиро пешниҳод карда, як бахши салоҳиятҳояшро ба ноибаш Умар Сулаймон супурд.
Издиҳоми эътирозгарон шаби гузаштаро дар майдони Таҳрири Қоҳира рӯз кард. Як қисми онҳо ба сӯи дафтари телевизиони Миср рафтаанд. Хабаргузории расмии МИНО мегӯяд, Шӯрои олии низомии Миср ташкили ҷаласа карда ва имрӯз бо як изҳороти муҳим ба мардум муроҷиат мекунад.
XS
SM
MD
LG