Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“East Air” Душанберо бо Деҳлӣ мепайвандад


Ширкати ҳавопаймоии “East Air” ба анҷоми парвозҳо дар масири нави Душанбе-Деҳлӣ шурӯъ мекунад. Қарор аст, нахустин парвоз ба пойтахти Ҳинд рӯзи сешанбеи 15 феврал анҷом шуда, сипас ҳар рӯзи сешанбе сурат бигирад.
Ба навиштаи “Азия Плюс” – ношири ин хабар - “East Air” соли 2007 сабти ном шуда, порки киштиҳои ҳавоияш дар фурудгоҳи Кӯлоб аз ҳавопаймоҳои Boeing иборат будааст. Ин ширкат то кунун аз Душанбе ба Имороти Араб, Афғонистон, кишварҳои Осиёи ҷанубушарқӣ ва ҳам ба кишварҳои шӯравии собиқ парвозҳои чартерӣ анҷом медод.
XS
SM
MD
LG