Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати наҳзат ба тағйири мақоми Ожонси зиддифасод


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз тобеъияти мақомоти иҷроияи ин кишвар берун овардани ожонси мубориза бо фасодро пешниҳод кардааст. Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ин ташаккули умдаи мухолифин ба “Азия Плюс” гуфтааст, ки ин ожонс бояд зери итоати парлумон ё ниҳодҳои додгоҳӣ қарор бигирад.
Ожонси зиддифасод дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2007 ташкил шуд, вале мунтақидонаш мегӯянд, ин ниҳод маҳдуди танҳо таъқиби мансабдорони зинаҳои поёнӣ шуда, то ҳол ба таҳқиқи мавориди фасод дар сутуҳи олии ҳукумати Тоҷикистон иқдом накардааст.
XS
SM
MD
LG