Пайвандҳои дастрасӣ

Тарма то 40 мошинро дар Майхӯрда банд кардааст


Кумитаи ҳолоти изтирории Тоҷикистон мегӯяд, авоқиби рехтани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд рафъ шудааст.
Лағзиши як тармаи бузурги баландиаш то 12 ва бараш то 60 метр боиси дармондани ҳудуди 40 мошини боркаш дар километри 70-уми ин роҳ дар мавзеъи Майхӯра шуд. Қутбиддин Акрам, ронандаи яке аз ин мошинҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, тарма давру бари мошини ӯро сахт гирд кардааст.
Боришоти барф дар рӯзҳои ахир таҳдиди лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳистони Тоҷикистонро бештар кардааст.
XS
SM
MD
LG