Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барқ ва зиндагии мардум


Сокинони Тоҷикистон тадриҷан ба истифодабарии ҳисобкунакҳои рақамии барқӣ одат мекунанд.

Феълан сокинони Тоҷикистон 1 киловати барқро бо 0.9 дирам харидорӣ мекунанд. Дар фасли сармо маблағи истифодаи барқ то 200 сомонӣ боло меравад ва ба буҷаи бе ин ҳам хоксоронаи мардум зарба мезанад ва онҳоро қарздор мекунад. Ба маълумоти ширкати “Барқи тоҷик” қарзи аҳолӣ дар назди ниҳод беш аз 207 миллион сомонӣ аст. Қарздорӣ аз давлат бархе аз мардумро сарфакор кардааст.

Масъулини шабакаҳои барқии пойтахт, мегӯянд дар муқоиса бо солҳои гузашта соли ҷорӣ таъмини нерӯи барқ ба аҳолӣ ба маротиб беҳтар шуда додугирифти аҳолӣ бо ширкати барқ низ каму беш ба танзим даромадааст.

Қариб дар ҳама манзилҳо ҳисобкунакҳои рақамӣ иваз карда шудаанд. Аммо бархе аз сокинон ба сифати ҳисобкунакҳои ҷадиди чиноӣ эътимод надоранд ва мегӯянд, маҳз онҳо хараҷоти буҷаи оилаҳоро ба маротиб афзун кардааст.

Барқ ва зиндагии мардум
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:12 0:00
XS
SM
MD
LG