Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҷорӣ шудани хадамоти тиббии пулакиро ба таъвиқ андохтааст.

Қарор буд аз моҳи феврал нахуст дар вилояти Суғд ва чаҳор ноҳияи вилояти Хатлон иҷрои ин барнома ба тариқи озмоишӣ оғоз гардад.

Чаро хидматгузории тиббӣ пулакӣ нашуд?

То соли 2003 Сарқонуни Тоҷикистон ба тамоми шаҳрвандон дастрасӣ ба табобати ройгонро кафолат медод, аммо замони ислоҳу тағйири Сарқонун ин банд берун карда шуд. Аммо амалӣ кардани хадамоти пулакии тиббиро этирозу вокунишҳои манфии сокинон, ки беш аз 60 дар сад зери мизони фақр ба сар мебаранд, то ин замон ба таъхир гузошта буд.

Масъулони идораи тандурустии Суғд мегӯянд, ноомодагии табобатгоҳ ва беморхонаҳо татбиқи барномаи хадамоти пулакии тиббиро ба таъвиқ андохтааст. Ҳабибулло Муҳиддинов – мутахассиси идораи тандурустӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

«Барои татбиқи ин барнома, маблағҳои иловагӣ ва захираҳои доруворӣ зарур аст. Ва муассисаҳои тиббӣ он заминаҳоро надоштанд. Бинобар ин вазорат дастур дод, он марҳала ба марҳала дар давоми соли равон ба иҷро расонида шавад. Аммо ин хел дастур нашудааст, ки ба тарзи нави нави хадамоти тиббӣ намегузарем.»

Барномаи давлатии тарзи пулакии хидматрасонии тиббӣ барои беш аз бист табақаи имтиёзнок, аз ҷумла беморони кӯҳна ва қисми нодори аҳолӣ имтиёзи хоси дастрасӣ ба табобати ройгонро дар бемористонҳо ва муассисаҳои дигари тибббӣ кафолат медиҳад. Аммо ба гуфтаи масъулон, иҷрои он бо маблағҳои зиёд ба даст меояд, ки ҳукуматҳои бисёр шаҳру навоҳии Суғд натавонистаанд аз буҷаҳои худ ихтисос диҳанд.

Дар соли гузаштаи 2010, аз буҷаи вилоятӣ ба бахши тиб ҳудуди 90 миллион сомонӣ, баробари 25 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо шудааст. Ин ба ҳар сокини аҳолии беш аз 2 миллионии Суғд солона тақрибан 10 доллар ё 45 сомонӣ рост меояд, ки мутахассисон онро хеле ночиз мехонанд.

Кӣ бепул бояд табобат шавад?

Ҳусейн Эҳсонов – як табиби оилавӣ дар Хуҷанд мегӯяд, дигар мушкиле, ки иҷрои барномаи хадамоти пулакии тиббиро дар Тоҷикистон сангин мегардонад, он аст, ки дар он кафолати давлатӣбарои тамоми аҳолӣ, ба ҷуз табақаи имтиёзнок барои дастрасӣ ба табобат дар бемористону муассисаҳои дигари тиббӣ, мушаххас баён нашудааст. Мисли он, ки масалан, давлат бо таҳсил фаро гирифтани тамоми бачаҳоро кафолат медиҳад ва ба иҷро мерасонад.

Оқои Эҳсонов дар ин замина мегӯяд: «Давлат бояд ба ҳама мардум кафолат диҳад ва ҳар кас бемор шуд, дилпур бошад, ки ба беморхонаву муасссисаҳои дигари тиббӣ рафта табобат гирифта метавонад. Аммо аз рӯи ин барнома, ҳатто корношоямҳои дараҷаи се ҳам ба табобати бепул ё имтиёзнок дастрасӣ надоранд. Бояд дар барнома мушаххас карда шавад, ки кафолати пардохти маблағи табобати ҳар шаҳрвандро кӣ бар дӯш мегирад; давлат, корхонаву муассисае, ки вай кор мекунад ё аз кадом ҳисоби дигар?»

Дар Тоҷикистон системи бимаи ҳатмии тиббӣ бо пардохти маблағ аз буҷаи давлат, корхонаву муассисаҳо ва кисаи мардум ҳанӯз ҷорӣ нашудааст. Ва кафолати давлатӣ ба дастрасии нафарони бебима ба дастрасии ҳадди ақали хадамоти аввалияи тиббӣ таъин нашудааст.

Бархе аз сокинон мегӯянд, чун то ҳол низ табибон ба хости худ аз онҳо маблағи табобатро мегирифтанд, беҳтар аст нархҳои ягонаи собит муқаррар гардад ва ба хазина супоранд. Он гоҳ онҳо метавонанд сифати баланди хидматрасониро талаб кунанд ё аз рӯи барномаи кафолати давлатӣ, хадамоти ройгон ё имтиёзнокро.

Дастмузди ночизи табибон

Идораи тандурустии Суғд мегӯяд, маоши миёнаи як табиби соҳиби тахассуси олии тоҷик ҳудуди 200 сомонӣ аст ва моҳонаи хоҳарони шафқат – зери 80 сомонӣ. Дар ин ҳол, табибони тоҷик алорағми он, ки табобат дар Тоҷикистон ройгон аст, аз бемор маблағи табобат мегиранд. Ҳамин моҳ додситонии Конибодом алайҳи ду табиби беморхонаи маркази ноҳияро барои гирифтани 100 ва 350 сомонӣ маблағ аз як бемори ҷарроҳишуда бо иттиҳоми қаллобӣ парванда боз кард.

Як табиби суғдӣ дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, агар бемор аз рӯи тартиби нав маблағи табобатро ба хазинаи беморхона пардохт кунад, бисёр табибони тоҷик ночор мемонанд ба хотири таъмини рӯзгор тарки кори худ карда, рӯ ба тиҷорат ё мардикорӣ оранд. Ба қавли вай, ин омил ҳам иҷрои барномаи хадамоти пулакиро дар бахши тибби Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир сангин мегардонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG