Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мавсими нави футбол дар Тоҷикистон рӯзи 10-уми феврал бо мусобиқаи анъанавӣ барои Ҷоми хотираи Рустам Долтабоев, футболбози маъруфи тоҷик, оғоз ёфт.

Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, сабқати интихобӣ дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон то рӯзи 23-юми феврал идома хоҳад кард.

Баъдан 8 дастаи беҳтарин (чаҳор даста аз минтақаи Душанбе ва дудастаӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон) дар марҳилаи ниҳоӣ, ки моҳи март дар Душанбе доир хоҳад шуд, рақобат мекунанд.

Бозиҳои минтақаи Душанбе дар майдони футболи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов бо ширкати 10 даста ҷараён дорад. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд.

Ба гурӯҳи “А” тимҳои “Регар-ТадАЗ-1” (Турсунзода), “Шодмон” (Ҳисор), “Гвардия”, ССКА “Помир” ва “Локомотив” (ҳарсе аз Душанбе) ва ба гурӯҳи “Б” дастаҳои “Регар-ТадАЗ-2”, “Хайр” (Ваҳдат), “”Истиқлол-2”, РШВСМ ва “Энергетик” (ҳарсе – Душанбе) дохиланд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG