Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Миср муътаризон раҳпаймоӣ анҷом медиҳанд


Баъд аз он ки Ҳуснӣ Муборак аз истеъфо саркашӣ кард, тазоҳуркунандагон қавл додаанд, ки бо шумораи бештар ба хиёбонҳо резанд ва истеъфои вайро тақозо кунанд. Дар ҳоле, ки Муборак баъзе ислоҳот дар Қонуни Асосиро ваъда додааст ва баъзе аз салоҳиятҳои худро ба муовинаш вогузор кардааст, тазоҳуркунандагон мегӯянд, ки имрӯз аз назди Кохи раёсати ҷумҳурӣ раҳпаймоӣ анҷом медиҳанд. Умар Сулаймон-муовини раиси ҷумҳур низ баъд аз суханронии Муборак ба тазоҳуркунандагон гуфт, ки ба хонаҳояшон раванд. Онҳо ба гуфтаҳои Сулаймон амал накарданд, балки ба суханронии Муборак бо ғазаб посух доданд. Тазоҳуркунандагон ҳамчунон дар майдони Таҳрир тақозоҳои худро идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG