Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборак прзидент мемонад, вале салоҳиятҳояш тақсим мешаванд


Дар як суханронии телевизионии худ Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури Миср гуфт, вай аз мақомаш истеъфо намедиҳад, балки баъзе аз салоҳиятҳои худро ба Умар Сулаймон-муовинаш вогузор мекунад:

"Ман тасмим гирифтам, ки тибқи Қонуни Асосӣ баъзе масъулиятҳои раиси ҷумҳурро ба муовини раиси ҷумҳур вогузор кунам. Ман хеле хуб медонам, ки Миср ин бӯҳронро паси сар мекунад, шикаста намешавад, дубора ба по бармехезад ва ба хотири шарафи фарзандони худ ба дасисаҳои дасисабозон ва бадандешон посух медиҳад".


Вай гуфт, гузори сиёсӣ ба ҳокимияти 30 солаи вай хотима мебахшад ва ин гузор то моҳи сентябр давом мекунад. Вай эълон кард, ки дар Қонуни Асосӣ иловаҳо ворид мешаванд ва ин иловаҳо заминаи баргузории интихобот ва гузори қудратро фароҳам меоранд. Билофосила баъд аз суханронии Муборак Умар Сулаймон аз тазоҳуркунандагон хост ки "ба хонаҳояшон" раванд ва аз мисриён хост "барои ояндаи кишварашон муттаҳид шаванд". Бо вуҷуди ин дар майдон норизоятӣ ва тазоҳурот идома дорад.
XS
SM
MD
LG