Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

40 мошин дар роҳи Душанбе-Хуҷанд банд мондаанд


Бино ба навиштаи хабаргузории "Авеста", дар роҳи мошинрави Душанбе-Хуҷанд дар наздикии даҳонаи нақби "Истиқлол" ҳудуди 40 мошин банд мондааст. Рӯзи панҷшанбе дар натиҷаи лағзиши тарма дар ин мавзеъ роҳ баста шудааст. Кормандони кумитаи умури изтирорӣ бо кормандони хадамоти ҳифзу муроқибати роҳҳо гуфта буданд, ки то поёни рӯз роҳро боз мекунанд, вале дар бораи боз шудани роҳ то ҳол хабаре нашр нашудааст.
XS
SM
MD
LG