Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди мухтасари генерали амрикоӣ аз Тоҷикистон


9-ӯми феврал Ҷеймс Меттис-фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико дар чаҳрчӯбаи боздидаш аз кишварҳои минтақа аз Тоҷикистон боздид ва бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард. Ин мулоқот паси дарҳои баста анҷом гирифт ва аз он рӯзноманигоронро дар ҷараён нагзоштанд. Дафтари матбуотии раиси ҷумҳур ба матбуот гуфтааст, дар мулоқот аслан масъалаҳои амниятии минтақа баррасӣ шудааст. Сафорати Амрико дар Тоҷикистон низ гуфтааст, генерал Меттис дар ин малоқот таъйид кардааст, ки Амрико хостори тавсеаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG