Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуснӣ Муборак истеъфояшро аз телевизион эълон накард


Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури Миср тавассути телевизиони давлатии кишвараш суханронӣ кард. Он гуна, ки интизор мерафт, вай дар ин суханронӣ истеъфои худро эълон накард ва мардум дар поёни суханронии вай навмед шуданд ва сару садоҳо дар майдони Таҳрири Қоҳира дубора боло гирифт. Муборак гуфт, музокира бо намояндагони мухолфон оғоз шудааст ва дархостҳои мардум дар бораи тағирот иҷро хоҳад шуд. Вай афзуд, дигар номзадии худро ба мақоми раёсати ҷумҳурии Миср пешбарӣ нахоҳад кард. Ба гуфтаи Муборак, то моҳи сентябр давраи гузор анҷом мегирад ва чунин бармеояд, ки вай давраи гузорро раҳбарӣ хоҳад кард ва дар Қонуни Асосӣ тағирот ворид хоҳад омад. Дар ин суханронӣ Ҳуснӣ Муборак изҳор дошт, ки баъзе салоҳиятҳои худ, яъне салоҳиятҳои раиси ҷумҳурро ба муовини худ Умар Сулаймон вогузор хоҳад кард. Муборак дар рӯзҳои аввали тазоҳуроти эътирозӣ дар майдони Таҳрир Умар Сулаймон-раиси хадамоти кашфи Мисрро муовини худ баргузид.
XS
SM
MD
LG