Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии Ҳуснӣ Муборак ба таъхир афтодааст


Қарор буд соати 22 ба вақти Миср баробар бо соати 24 вақти Тоҷикистон Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури Миср аз тариқи телевизиони давлатии кишвараш суханронӣ кунад. Дар остонаи суханрониаш ин сару садоҳо қаввист, ки мумкин аст вай дар зимн истеъфои худро эълон кунад. Чун дар вақти пешбинишуда Муборак дар телевизион зоҳир нашуд, дар майдони Таҳрири Қоҳира тазоҳуркунандагон ба шӯр омаданд. Қаблан артиш дар як изҳороти телевизионӣ гуфт, ки "ба дархостҳои қонунии мардум посух хоҳад дод". Бино ба гузоришҳо, артиш аз Умар Сулаймони 74-сола муовини раиси ҷумҳури Миср ҳимоят мекунад. Вай дар гузашта раиси хадамоти кашф буд. дар гузоришҳо аз қавли артиш омадааст, агар тазоҳуркунандагон аз муовири раиси ҷумҳур ҷонибдорӣ накунанд, артиш бар зидди онҳо вориди амал хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG