Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборак истеъфо надод, тазоҳурот идома дорад


Ташдиди эътирозҳо дар майдони Таҳрири Қоҳира пас аз паёми Муборак
Ташдиди эътирозҳо дар майдони Таҳрири Қоҳира пас аз паёми Муборак

Раисиҷумҳури Миср бархе аз салоҳиятҳояшро ба ноиб-президенти ин кишвар Умар Сулаймон вогузор кард.

Вай дар паёми телевизионияш афзуд, то моҳи сентябр дар сари ҳокимият боқӣ хоҳад монд, зеро барои интиқоли қудрат қарор аст, ба шаш банди Қонуни асосӣ ислоҳот ворид шавад.

Муборак афзуд, интиқоли осоиштаи қудрат аз ҳоло ва аз вогузор гаштани бархе аз салоҳиятҳои ӯ ба ноиби президент Умар Сулаймон шурӯъ шудааст.

Муборак аз хонаводаҳое, ки дар 17 рӯзи тазоҳурот қурбонӣ додаанд, маъзарат хост ва такрор кард, ки дар интихоботи навбатии президентӣ ширкат намеварзад. Вай изофа кард, ки вазъи изтирорӣ ва қуюди шабгардиро бо оромиши авзоъ дар сартосари Миср лағв хоҳад кард.

ИНТИХОБИ ФУРСАТ


Изҳороти раисиҷумҳури Миср, Ҳуснӣ Муборак, дар ҳоле садо дод, ки
манобеи мухталиф эҳтимоли истеъфои ӯро ҳадс мезаданд ва тазоҳуркунандагон аломатҳои истеъфои эҳтимолии Муборакро дар майдонҳои Қоҳира, Искандария ва дигар шаҳрҳои Миср бо шиорҳои ваҳдату ҳамбастагӣ ва алвонҷ додани парчамҳои миллии Миср истиқбол карданд.

Ва ин дар ҳоле буд, ки пас аз эълони ҳарбиёни Миср дар бобати мудохилаи мустақими онҳо ба авзои бӯҳронӣ, хатари табаддулоти ҳарбӣ ба ин кишвар таҳдид мекард ва тазоҳуркунандагон бо шиорҳои “Мардумӣ, на ҳарбӣ!” мухолифати худро ба изҳороти генералҳо баён доштанд.

Сухангӯи ҳукумати Миср ба хабаргузориҳо гуфт, Муборак ҳанӯз шоми дирӯз мехост, изҳорот диҳад, аммо ҷаласаи ҳукумат даъват кард ва мехоҳад, рафтани ӯ бидуни ҳарҷу марҷ ва беназмӣ ба вуқӯъ пайвандад. Рӯзи панҷшанбе нерӯҳои ҳарбӣ дар атрофи биноҳои давлатӣ бештар шуданд.

Муборак пас аз як ҷаласаи тӯлонӣ бо аъзои кoбинааш паёми худро эълом дошт ва зоҳиран, аъзои ҳукумати Миср аз тасмими ӯ ҳимоят кардаанд. Сафири Миср дар Иёлоти Муттаҳида дар мусоҳиба бо телевизиони СNN гуфт, Муборак амалан дигар раисиҷумҳур нест ва ин салоҳиятро ба Умар Сулаймон супорид.

ПАЁМИ УМАР СУЛАЙМОН

Ноиб-президенти Миср, Умар Сулаймон
Пас аз чанд лаҳзаи паёми Муборак, ноиб-президент Умар Сулаймон дар телевизиони давлатии Миср зоҳир шуд ва мардумро ба ваҳдату ягонагӣ даъват кард. Вай гуфт, ҳоло фурсати ин аст, ки мардуми Миср рӯ сӯи оянда дошта бошанд.

Сулаймон аз ширкаткунандагони тазоҳурот даъват кард ва хонаҳои худ ва сари кори хеш баргарданд. Тазоҳуркунандагон аз паёмҳои Муборак ва Сулаймонро ба хашм омаданд ва шиорҳои "Марг бар Муборак!" сар доданд. Гурӯҳе аз онҳо ба самти бинои телевизиони давлатии Миср ҳаракат кард.

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, дар дидоре бо донишҷӯён дар аёлати Мичигон бо ишора ба ҳаводиси Миср гуфт, "ҷаҳон шоҳиди вуқӯи таърих шудааст." Вай афзуд, “ҳамаи мисриҳо бояд бидонанд, ки Иёлоти Муттаҳида хостори интиқоли муназзами қудраст аст.” Бархе аз таҳлилгарон мавзеъгирии Вошингтонро дар баробари рӯйдодҳои Миср таҳти танқид гирифтанд.

Обама гуфт, кишвараш тамоми корро мекунад, ки ба гузори осоишта ва ҳақиқии Миср аз ҳолати бӯҳронӣ ба демократия мусоадат намояд.

ФИШОРИ ҲАРБИЁН


Дар нимаи дувуми рӯзи панҷшанбе фармондеҳони артиш дар ҷаласаи Шӯрои ҳарбии Миср эълом доштанд, ки “барои дифоъ аз давлат ва дар ҳимоят аз талабҳои қонунии мардум даст ба чораҳои зарурӣ мезананд.”

Онҳо ин изҳороти худро Баёнияи шумораи якум номиданд ва бино бар ин
Ҳамаи талабҳои шумо иҷро хоҳад шуд. Артиш бо шумост!..
бархе аз шореҳон аз оғози як табаддулоти ҳарбӣ дар Миср сӯҳбат карданд. Баёнияи ҳарбиён, ки аз телевизиони Миср пахш шуд, шӯру ҳаяҷони тазоҳуркунандагонро ба вуҷуд овард.

Вазири дифои Миср, маршал Ҳусейн Тантавӣ, ба ҷаласаи Шӯрои ҳарбӣ сарварӣ мекард ва даҳҳо афсари баландпояи артиш паси мизи ҳамоиш нишаста буданд.

Ин хабар дар ҳоле нашр шуд, ки шабакаи ҷаҳонии Би-би-сӣ ба нақл аз сарвазир Аҳмад Шафиқ хабар дод, Муборак омодааст, аз қудрат канор равад ва авзоъ ба зудӣ рӯшан хоҳад шуд. Дар ҳамон соатҳо раиси Ҳизби демократии миллии Муборак, Ҳуссам Бадравӣ гуфт, Мубораки 82-сола дар фикри ин аст, ки ҳокимиятро бар дӯши ноиби президент Умар Сулаймон гузорад.

ВОКУНИШИ МӮЪТАРИЗОН


Дар мусоҳиба бо шабакаҳои телевизионӣ намояндагони тазоҳуркунандагон гуфтанд, аз паёми Ҳуснӣ Муборак ба хашм омадаанд, вале ҳамчунон дар мавзеъгирии хеш пойдортар шудаанд. Яке аз онҳо гуфт, омодааст, дар майдони Таҳрир кушта шаванд, вале аз талаби хеш даст нахоҳад бардошт.

Бархӯрди мӯътаризон ба дахолати ҳарбиён агар дар оғоз мусбат буд, баъд аз изҳороти Муборак шадидан манфӣ шуд. Бархе аз онҳо инро як бозии ҳукумат унвон карданд.

Дилсардии онҳо дар ҳоле ки ба миён омад, ки соате пеш аз изҳороти Муборак фармондеҳи артиш Ҳасан ал-Равонӣ ба издиҳом гуфт: “Ҳамаи талабҳои шумо иҷро хоҳад шуд. Артиш бо шумост!” Бахше аз тазоҳуркунандагон инро аломати пирӯзӣ номиданд, вале бархе дигар шиор мезаданд, ки хостори ҳукумати ҳарбӣ нестанд.

Ин рӯйдодҳо дар 17-умин рӯзи эътирозҳои оммавӣ бар зидди ҳукумати 30-солаи Муборак, фақру фасод ва фишору таъқиби мухолифон, ки мардуми синнусол ва касбукори гуногунро ба хиёбонҳо кашонд, ба вуқӯъ пайваст. Дар ду рӯзи охир ҳазорон нафар аз аъзои иттиҳодияҳои касбӣ, аз ҷумла устодони донишгоҳҳо, пизишкон ва ҳуқуқшиносон ба тазоҳуркунандагон пайвастанд ва тазоҳурот бо вуҷуди фишори аёну ноаёни кормандони полис ва амниятиҳои мулкипӯш густариш пайдо кард.
XS
SM
MD
LG