Пайвандҳои дастрасӣ

Нигоҳе ба симои раҳбарони кишварҳои араб, ки акнун яке паси дигар бо бӯҳрон рӯбарӯ мешаванд.

Корвони ҳокимони тақрибан мудомулумри ҷаҳони араб дар регистонҳое дармондааст, ки онро ном ошӯби мардум аст. Ошӯбҳое ки дар Тунис аллакай ҳукумати 23-солаи Зайналобуддин Бен Алиро аз ин корвон афканд, дар Миср уштури сисолаи давлати Ҳуснӣ Муборакро дар пеши пои лашкари бузурги эътирозгарон ба зону даровард ва ӯву ҳамтои яманиаш Алӣ Абдуллоҳ Солеҳро маҷбур кардааст, то ба хотири ҳифзи низом ба
Низоми сиёсие, ки дар кишварҳои арабӣ то имрӯз ҳоким аст, аксараш замоне рӯи кор омад, ки ин кишварҳо таҳти нуфузи Иттиҳоди Шӯравӣ аз як сӯ ва Аврупову Амрико аз сӯи дигар қарор доштанд...
интихоботи навбатии раёсати ин ду ҷумҳурӣ нарафтани нафақат худи онҳо, балки фарзандонашонро ҳам ваъда диҳанд.

Он мушкилоте, ки боиси эътирозҳо дар ҷаҳони араб шуд, яъне фақру бекорӣ, режимҳои сахти худкома, нақзи ҳуқуқи инсон, фасод, дасти дарози дахолати аҳли хонавода ва ёрони президентҳо дар умури давлатӣ ва дар дасти ҳамин як тоифаи кӯчак мунсаҷим шудани сарватҳои бузург, хоси кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ ҳаст.

БЕДОРИИ ҶАҲОНИ АРАБ?

Тазоҳуроти Миср
Ончӣ дар ин шабу рӯз дар ҷаҳони араб мегузарад, тавре ҳокимонаш мегӯянд, танҳо натиҷаи дахолати нирӯҳои хориҷист ё қиёми воқеъии мардум алайҳи раҳбарони як замон хеле маҳбуб? Оё метавон ин ҳамаро марҳалаи наве аз бедории олами араб ва оғози анҷоми раҳбарони худкомаи дарозумр талақӣ кард? Аммо чаро ҳатто он давлатҳои арабие, ки низоми ҷумҳуриро пазируфтаанд, бо касби истиқлол ба сохтани низомҳои худкома тарҷеҳ доданд, то ба низомҳои демократӣ, ва зимоми раҳбариро дар тақрибан ҳамаи ин кишварҳо афроде дар панҷаҳои оҳанини худ гирифтанд, ки бо тағйири бакарати Қонунҳои асосӣ худро амалан ба раҳбарони мудомулумр табдил доданд?

Арабшиноси тоҷик Ғаффор Мирзоев мегӯяд, ин ҳама бармегардад ба марҳалаи аввали бедории олами Араб ва истиқлолҷӯии онҳо дар солҳои панҷоҳу шаст ва ба як майдони нуфузҷӯии Иттиҳоди вақти Шӯравӣ ва Ғарб табдил шудани ин қаламрав, ки ҳар кадом аз абадрқудратҳо мехост дар ин ё он гӯшаи ҷаҳони араб муттаҳиди собит ва доим дошта бошад. Ва ҳамин манфиатҳои геополитикӣ ин қудратҳоро маҷбур мекард, ки ба зулму истибдод ва тамдиди замони раёсати ёрони пайдокардаи худ дар ҷаҳони араб чашм бипӯшанд. Дар натиҷа ҳатто вақте Шӯравӣ пош хӯрд, ин минтақа аксаран тағйири қутб кард, вале боз ҳам бо ҳамон ҳокимони қадимаш барҷо монд.

Ғаффор Мирзоев мегӯяд: “Низоми сиёсие, ки дар кишварҳои арабӣ то имрӯз ҳоким аст, аксараш замоне рӯи кор омад, ки ин кишварҳо таҳти нуфузи Иттиҳоди Шӯравӣ аз як сӯ ва Аврупову Амрико аз сӯи дигар қарор доштанд. Ва вақте Шӯравӣ аз байн рафт, кишварҳои таҳти нуфузи Маскав бахусус ба як таҳаввулоти ҷиддии сиёсӣ эҳтиёҷ доштанд. Вале, мутаассифона, чунин ислоҳот ба таври табиӣ ва муқаррарӣ доир нашуд. Низомҳои сиёсии яккаҳукмрон дар ин давлатҳо шояд барои чунин ислоҳот омода нест. Аз ин рӯ, имрӯз чунин ҳаракатҳо на аз боло, балки аз поён таҳти фишор мардум пиёда шуда истодаанд.”

АЗ ТАХТИ ҚАҲРАМОНӢ ТО КУРСИИ ШАРМСОРӢ

Аксари он раҳбарони худкомаи ҷаҳони араб, ки баъди даҳсолаҳо собиқаи ҳукмронӣ дучори ғазаби мардумони худ шудаанд, нафароне буданд, ки дар вақташ хеле маҳбуб ва бархе ҳатто қаҳрамони миллӣ маҳсуб мешуданд.

Зайналобуддин Бен Алӣ, ки баъди 23 соли раҳбарӣ рӯзи 14 январ ҳамроҳ бо ҷамъе аз пайвандонаш “дуздона” тарки Тунис кард, аз муборизони роҳи истиқлоли ин кишвари шимоли Африқо аз зери истеъмори Фаронса дониста мешуд.

Муаммар Қаззофӣ дар соли 1969 бо шиори бунёди як давлати саропо
Муаммар Қаззофӣ
мардумӣ табаддулот, ё ба иддаои худи ӯ, “инқилоби сабз” доир кард. Вале инак, бо гузашти 42 сол Либия ҳамчунон бо рафтори шигифтзои худи Қаззофӣ ва ба чапу ба рост пош додани миллионҳо доллар аз ҷониби фарзандонаш вирди забонҳост, то бо кадом хабари пешрафт ё шукуфоии ин кишвар.

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, ки ҳанӯз соли 1978 ва низ аз роҳи табаддулот ба қудрат расид, бо як кардани ҳарду Яман дар соли 1990 хеле маҳбуб шуд ва аз муттаҳидини Ғарб дар роҳи набард бо шабакаи Ал-Қоида дар нимқораи Араб низ буду ҳаст. Аммо фақру фасод оташи эътирозҳоро дар Яман, ки аз нодортарин кишварҳои дунёст, дигар чунон гарм карда, ки Солеҳ маҷбур шуд, дар мазҳари омм ваъда бидиҳад, ки дар интихоботи соли 2013 на ӯ ва на писараш ширкат нахоҳанд ҷуст.

Абдулазиз Бутафлиқа, ки дар Алҷазоир қариб 10 сол даъватҳо барои ширкат дар интихоботро рад мекард ва гӯшанишин буд, соли 1999 билохира ба интихобот рафт. Вале акнун ки ҳарду давраи раёсати ӯ ҳам сар омадааст, шаҳди давлат чунон ба Бутафлиқа хуш омад, ки ҳатто монанди раҳбарони Осиёи Марказӣ даст ба тағйири Қонуни асосӣ зад, то ба давраи севвуму чоруми раёсат низ даст биёбад.

Ба истиснои кишварҳои арабие, ки низоми подшоҳӣ доранд ва ҳам Лубнон, ки низоми давлатиаш хеле мураккаб ва ба сурати собит байни ақшори шиъаву суннӣ ва масеҳи ин кишвари Ховари Миёна тақсимшуда аст, дигар танҳо Ироқ аст, ки Саддом Ҳусейнро баъди 24 сол, дар соли 2003 танҳо бо зӯри нирӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико сарнагун карданд. Ва Сурия, ки Ҳофиз Асад баъди қариб 30 соли раёсат фавтид, вале боз ҳам зимоми қудрат дар ин ҷо ба писари ӯ Башор Асад гузашт, ки инак 11 сол боз бар “тахт”-и Димишқ нишастааст.

МУБОРАКЕ, КИ ЮСУФИ ДУВВУМ НАШУД…

Ҳуснӣ Муборак

Ҳуснӣ Муборак соли 1981 дар пайи кушта шудани раҳбари вақти Миср Анвар Содот замоне ба раёсат расид, ки Содот ба маҳзи фасод ва бавижа қарордоди сулҳи соли 1979 дар Кемп-Девид бо Исроил имзокардааш обрӯи худро ҳам дар Миср ва ҳам дар ҷаҳони Араб аз даст дода буд. Муборак бо шиори мубориза бо фасод хеле аз мансабдорони аҳди Анвар Содотро ба зиндон кашонид. Бо ҳамон шиори мубориза бо фасод, ки имрӯз артиши азими эътирозгарон дар майдони Таҳрири Қоҳира алайҳи ӯву аҳли хонавода ва ёрони худи Муборак баланд кардааст.

Сиёсатшиноси тоҷик Амриддин Шарифов мегӯяд, албатта, решаҳои эътироз дар Миср хеле амиқтаранд, вале якеаш хушксолист, ки боиси боло рафтани нархи гандум дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва табъан боиси афзоиши даромади Миср аз содироти он шуд, ва дар Миср тақозо ба раҳбареро дошт, ки монанди қиссаи маъруфи қуръонӣ, Юсуфи нави Миср шавад ва ин фоидаҳои ҳангуфтро байни мардум одилона тақсим кунад.

Вале Ҳуснӣ Муборак, ки бо атрофиёнаш дар дарёи фасод ва итминон ба худ ғӯттида буд, ба бовари Амриддин Шарифов, барои Миср чунин як Юсуфи дуввум шуда натавонист: “Миср аз бузургтарин содиркунандаҳои гандум дар дунёст. Вале дар ҳоле ки нархи гандум башиддат боло рафту сатҳи зиндагии мардум ҳамчунон хеле паст боқӣ монд, ин ҳама беҳуқуқиеро, ки мардум тӯли 30 сол аз ҳукумати Муборак медид, болоравии нархҳо ва таваррум ба чунин сурате берун баровард.”

МИЛЛИАРДҲО АЗ ЯК КИШВАРИ ФАҚИР?

Бо онки як бахши аъзами ҷамъияти зери 80-миллионнафарии Миср ҳамчунон зери хатти фақр ба сар мебарад, матбуоти Ғарб сарвати ҷамъкардаи хонаводаи Ҳуснӣ Муборакро то 40 миллиард доллар рақам мезанад.

Таҳлилгари тоҷик Зоҳири Давлат, ки дар донишгоҳи Ал-Азҳари Қоҳира таҳсил дидааст, мегӯяд, дар чунин шароит дасти ҳамчунон дарози дахолати ҳамсари Муборак – Сӯзон ва ду писари ӯ -Ҷамол ва Ало – дар умури давлатӣ, тамаъҷӯии онҳо аз куллия тиҷоратҳои бузург дар Миср ва ҳам ҳузури густардаи аҳли Манофия, зодгоҳи Муборак дар арсаҳои давлативу тиҷорӣ ҳамон қатрае шуд охирин, ки косаи сабри мардумро лабрез кард:

“Ҳамсари Ҳуснӣ Муборак – Сӯзон – дар байни мардум ҳамчун як шахси хеле сарватманд муаррифӣ шуда буд. Аз писарони ӯ Ҷамол Муборак аслан ба умури сиёсӣ саргарм буд ва аз раҳбарони ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ маҳсуб мешуд. Ҷамол Муборак аммо ба фаъолиятҳои тиҷоратӣ сарукор дошт. Инки миллиардҳо долларро ба хонаводаи Муборак нисбат медиҳанд, табиист. Вақте режим тоталитаристу олуда ба фасод ва давлат аз ҷониби як хонавода идора мешавад, албатта, ин бетаъсир набуд. Овозаҳо буд дар байни мардум, ки ҳар ширкат барои вуруд ба бозори Миср бояд ибтидо мувофиқати Ало Муборак, фарзанди тоҷири президенти Мисрро дарёфт мекард ва танҳо баъди он метавонист ба кор шурӯъ кунад.”

РЕЖИМҲОИ АСРИ ПОР

Аммо ба ақидаи арабшиноси тоҷик Ғаффор Мирзоев, эътирозҳои ахир нотавонии режимҳои ҳоким дар ҷаҳони Араб барои расидагӣ ба чолишҳои дунёи муосир ва анҷоми ислоҳоти фарогир ва ҷавобгӯи хостҳои ҷомиаро ҳам ба намоиш гузошт. Ӯ мегӯяд, издиҳоми башӯромадаро дигар бо тағйироти зоҳирие, чун табдили сарвазир ё ваъдаи ширкат наҷустан дар интихоботи баъдӣ таскин додан кори саҳл нест ва ин низомҳо шояд акнун ангушти надомат бигазанд, ки чаро дар қайди арзишҳо ва зарфиятҳои асри пор боқӣ монданд?

Ғаффор Мирзоев мегӯяд: “Ин ҷунбишҳо як андоза шабеҳи ҷунбишҳои солҳои панҷоҳу шасти асри гузаштаанд, ки тақрибан ба ҳамин сурат дар Миср, Тунис, Алҷазоир, Судон ва кишварҳои дигар сурат гирифт ва ба тағйироти ҷиддие дар бисёре аз кишварҳои арабӣ сабаб шуд. Вале вазъи имрӯза монанди солҳои панҷоҳ нест, ҳатто ба вазъи солҳои 90 ва аввали асри кунунӣ намемонад. Тараққиёти иҷтимоии имрӯза тағйироти ҷиддиеро талаб мекунад, ки мутаассифона, он низомҳои яккаҳукмроне, ки 20 солу 30 сол ва ҳатто бештар аз он идораи умури ин кишварҳоро дар даст доранд, барои гузаронидани чунин ислоҳот омода нестанд.”

Амриддин Шарифов мегӯяд, ҷаҳони Араб то имрӯз дар ҳамон ботлоқи низомҳои мустабиди шарқие қарор доранд, ки Амрикои лотинӣ он марҳаларо, барои мисол, ҳанӯз дар солҳои ҳафтодум пушти сар кард ва по ба роҳи демократия ва пешрафт гузошт. Ба бовари ӯ, анъанаи раҳбарони мудомулумр аз фарҳанги мардумони мусалмон об мехӯрад, ки дар он арҷгузорӣ ба шахси раҳбар решаҳои таърихӣ дорад.

ҲУШДОРЕ БА БОҚИИ ҲОКИМОНИ ДАРОЗУМР

Сайиумар Ҳусайнӣ

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар парлумон мегӯяд, ҳаводиси Мисру Тунис, ҳушдоре шуд ба тамоми он раҳбарони дарозумре, ки лаҷоми қудратро ибтидо барои як муддати маҳдуд соҳиб шуда, дигар ҳеҷ нест ки сар диҳанд : “Кишварҳои бахусус исломӣ, ки чун ҳукмро ба даст меоранд, муддатҳои тӯлонӣ меистанд, бояд аз Аврупову Амрико ибрат бигиранд. Ҳеҷ кадоми онҳо аз ҳамон ду давраи мумкини раёсат зиёдтар дар мақоми намеистад. Ин сабаб мешавад, ки кишварҳояшон ором аст. Асли решаи ҳаводиси Миср дароз истодани як шахс, як гурӯҳ ва як хонавода дар сари қудрат аст, ки ин дар ҳар кишваре иттифоқ биуфтад, билохира сабаби фақру фасоди идориву молиаш мешавад ва ин мардумро ба майдонҳо кашонда дар муқобили он раҳбари золим қарор медиҳад.”

НАЗАРБОЕВ ДУРУСТ ФАҲМИДААСТ

Фақру бекорӣ, фасоди идорӣ ва ҳузури густардаи наздикони президентҳо дар майдонҳои сиёсат ва тиҷорат хоси кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҳаст. Дар Қазоқистон аз сарватҳои бузурги ҷамъовардаи домодҳо ва духтарони раиси ин ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев зиёд сӯҳбат мешавад.

Дар Узбакистон мегӯянд, ки тақрибан ҳама тиҷоратҳои пурфоидаро духтарони президент Ислом Каримов – Гулнора ва Лола – ба даст гирифтаанд. Дар Тоҷикистон, ки раиси ин ҷумҳурӣ 9 фарзанд – 7 духтар ва 2 писар – дорад, низ аз тиҷорати ба таври машкук хеле муваффақи аҳли хонавода ва хешону наздикони Эмомалӣ Раҳмон ва ба мансабҳои баланд роҳ ёфтани онҳо дам мезананд. Дар ин кишварҳо ҳатто эҳтимоли аз падар ба писар ё духтар гузаштани зимоми давлатро ҳам сарфи назар намекунанд.

Аммо дар маҳофил эҳтимоли ба ошӯбҳое, чун дар Миср ё Тунис печидани вазъ дар кадоме аз кишварҳои осиёи Марказиро ночиз мехонанд, вале мегӯянд, пасларзаҳои он таҳаввулот дар ин гӯшаи пасошӯравӣ низ хуб эҳсос мешавад ва ин режимҳои ҳоким дар минтақаро маҷбур ба иқдомоте хоҳад кард, ки ҷомиаро аз ин низомҳо қаноати бештар бидиҳад.

Хабарнигори қазоқ Лира Бойсаидова, барои мисол, аз тамдиди замони раёсаташ то 10 соли дигар тавассути райъпурсӣ даст кашидани Нурсултон Назарбоев ва алакай дар моҳи апрели соли ҷорӣ интихоботи пеш аз мӯҳлат таъйин кардани ӯро низ аз ҳамин зовия баҳо медиҳад: “Назарбоев бояд ба ончӣ ки дар Тунис ва Миср гузашт, биандешад, ки раёсатҳои тӯлонӣ ва бетабдил чӣ оқибате дорад.”

НИЛ АЗ БАЙНИ ТОШКАНД МЕГУЗАРАД

Таҳлилгарони узбак мегӯянд, дар Осиёи Марказӣ вазъи Узбакистон шояд бештар аз ҳама шабеҳи Миср аст ва ба таъбири яке аз онҳо, “рӯди Нил ҳам дар ин шабу рӯз аз байни Тошканд мегузарад." Матбуоти расмии Узбакистон аз ҳар навъ инъикоси рӯйдодҳои Мисру Тунис худдорӣ меварзад, вале Камолиддин Рабимов, таҳлилгари узбаки муқими Фаронса мегӯяд, дар ин асри ҷаҳонишавӣ, ки деворҳои то ҳол муҳками марзҳои кишварҳои худкома шикаста мешаванд, офтобро дигар бо чунин доманҳои танг наметавон пӯшонд.

Ба бовари оқои Рабимов, таҳаввулоти Ховари Миёна, бешак, хоби ҳокимони худкомаи минтақаи дуре, чун Осиёи Марказӣ, ба хусус Ислом

Гулнора Каримова, духтари президент Ислом Каримов

Каримов ва пайвандони ӯро ҳаром кардааст: “Инқилоби Миср пайомадҳои бузурги стротежӣ хоҳад дошт. Ин ҳаводис раҳбарони минтақаи моро сахт тарсондааст ва фикр мекунам, онҳоро ба иқдомҳое водор хоҳад кард. Матбуот мегӯяд, ки духтарони Ислом Каримов алакай дар Швейтсария барои худ кӯшкҳои бузургу бошукӯҳ харидаанд. Ин нишон медиҳад, ки онҳо рӯи чунин эҳтимол низ фикр мекунанд, ки шояд дар оянда ба Узбакистон баргашта натавонанд.”

Камолиддин Рабимов меафзояд, суръати ҳаракати чархи таърих хеле тунд шудааст ва режими Каримов бояд аз ҳозир ба як ислоҳоти фарогир роҳ кушояд, то фардо мабодо ба дарёи ошӯбҳои бакарат аз Мисру Тунис хунинтар ғарқ шавад.

ДУШАНБЕ ҚОҲИРА НАМЕШАВАД, ВАЛЕ…

Маҷаллаи амрикоии “Тайм” дар пасманзари рӯйдодҳои Миср даҳгонаи раҳбарони худкомаи заифшудаи ҷаҳонро нашр кард, ки исми раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро низ дар бар мегирад. Ин маҷалла мегӯяд, ҳукумати Раҳмон шояд побарҷо бимонад, вале абрҳои сиёҳе аз ҳоло осмони Тоҷикистони ӯро пӯшонидаанд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон

Аммо аксари коршиносони тоҷик дар Тоҷикистон иттифоқ уфтодани ҳаводисе, чун эътирозҳои густардаи зиддидавлатӣ дар кишварҳои арабиро бо таваҷҷӯҳ ба собиқаи начандон дури ҷанги шаҳрвандии мо ва тарсе ки авоқиби чунин эътирозҳо дар дили мардум ҷо кардааст, баъид медонанд, вале мегӯянд, ин набояд шонаҳои Душанберо аз зарурати роҳандозии ислоҳоти фарогир ва воқеъии сиёсиву иҷтимоие, ки ҳар навъ имкони бурузи чунин нооромиҳоро аз пеш коҳиш бидиҳад, холӣ кунад.

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар парлумон мегӯяд: “Дар Тоҷикистон чунин ҳаводис аз эҳтимол дур аст. Ҳаводисеро, ки имрӯз Миср аз сар мегузаронад, мо дар солҳои 1991 ва 1992 доштем ва як миқдор хотироти нохубе боқӣ гузоштааст он ҳама. Ҳолати мардуми мо фарқ мекунад. Вале ин ба маъное нест, ки ҳокимони мо ҳамин тур фориғбол бинишинанд. На! Бояд ба чандсолаҳои худ фикр бикунанд ва аз ҳоло, пеш аз онки, Худое накарда, чунин ҳаводис пеш биояд, бояд як фикре, ислоҳоте ва ҳамдигарфаҳмиеро дар ҷомиа ба роҳ бимонанд, ки боиси пешгирӣ аз бурузи чунин рӯйдодҳо шавад.”

Таҳлилгарон мегӯянд, дар баробари мушкилоти иҷтимоие, чун фақру бекорӣ, як ноҳияи нигаронии Душанбе бояд аз таҷрубаи дахолаташ дар умури мазҳабӣ бошад, зеро идомаи фишор ба гурӯҳҳои исломӣ, аз мадориси хориҷӣ берун кашидани толибилмони тоҷик, бастани масоҷид ва боздошти афроди ришдор дар кӯчаву хиёбонҳо – ин ҳама метавонанд ба мояи норизоияти ҷомиа аз давлат биафзояд.

ТАЪСИРИ БАВОСИТА

Сайфуллоҳ Сафаров, муовини раиси Маркази мутолиоти стротежӣ, як ниҳоди таҳқиқотии вобаста ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, рӯйдодҳои ахири Тунису Миср таъсири мустақиме барои Осиёи Марказӣ нахоҳад дошт, вале маҳофил ва мақомоти ин кишвар бояд аз ин воқеъияти ҷадид ба манзури таҳияи иқдомҳои пешгирикунандаи низоъҳо истифода баранд: “Таъсири мустақим не, балки таъсири бавосита дошта метавонад. Лекин агар касе гӯяд, ки не, акнун ҳатман дар Осиёи Марказӣ ҳам ингуна ҳаракатҳо ба вуҷуд хоҳанд омад, чунин фикр, ба назари ман, чандон асоси воқеъӣ надорад. Албатта, дар минтақаи мо ҳаракат ба сӯи ислоҳот ҳаст, чунки кишварҳои мо худ дар ҳоли гузор қарор доранд. Ин ҳодисаҳо фақат метавонанд, ки баъзе аз ин ислоҳоти сиёсиву иқтисодиро тезонанд. Ин аз ҳамин ҷиҳат барои мо таъсири мусбат дорад.”

Бархе иқдомоти ахири давлати Тоҷикистон, аз ҷумла аз ҳисоби захираҳои давлатии орду гандуму шакар гирифтани пеши роҳи афзоиши нархи бозорҳоро ба айни амалкардҳо дар кишварҳои дигари мусалмонӣ, назири Урдун ва Малайзия бастагӣ медиҳанд ва мегӯянд, як ҳадаф ҳатман поин бурдани шиддати иҷтимоист.

Амриддин Шарифов режими нисбат ба ҳамсояҳо мӯътадилтари ҳоким дар Тоҷикистон ва ҳам аз ҳисоби пули муҳоҷирон камтар шудани шиддати танишҳои иҷтимоӣ дар ин кишварро аз омилҳое медонад, ки эҳтимоли бурузи эътирозҳое ба гунаи Мисру Тунис дар Душанберо ночиз мекунад.

ОДАТЕ АЗ АСРҲОИ МИЁНА

Бо ин ҳол, мавзӯъи дигари матраҳ дар сатҳи маҳофили Тоҷикистон, ҳадсу гумонҳои мавҷуд дар бораи эҳтимоли ҷойгузини падар шудани фарзандони президенти феълӣ ва гӯё дар дасти афроди наздик ба ҳукумати ӯ мунсаҷим

Баъзе раҳбаронро баъди рафтан аз мақом ба ҷавобгарӣ кашонидаанд. Ин тарс дар дили ҳар яки инҳо ҳаст...

шудани тиҷоратҳои асосист. Ба бовари ин маҳофил, дар ҳоле ки ҳамасола то як миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон дар хориҷ қути лоямут меҷӯяд, чунин ҳол ба мизони маҳбубияти ҳукумат, албатта, намеафзояд.

Саидумар Ҳусайнӣ дар мавриди ҳукуматҳои меросӣ ба таърихи Ислом руҷӯъ мекунад ва мегӯяд, барои мисол, паёмбари Ислом Муҳаммад(с) ҳам дар он аҳд тамоми имкон ва нуфузи кофиро дошт, ки баъди худ Алиро, ки ҳам бародарзода ва ҳам домодаш буд, ба хилофат биншонад, вале ин корро накард: “Ин як падидаи асримиёнагист. Аммо мо дар асри 21 ба сар мебарем. Дигар мамлакатро бигираму моли худ бикунам ва мерос бигузорам ба фарзанду ба набераам, ҷои нанг аст. Дини Ислом низ дар асосҳояш инро манъ мекунад. Бузургони ин дин ҳама интихобӣ буданд, чунин виросату меросдорӣ набуд. Вале баъдан касоне, ки ба Ислому давлати исломӣ зулм карданд, мардумро ҳам водор карданд, ки фарзандони онҳоро ҳамчун ҷойгузину валиаҳд бипазиранд. Хуллас, ин ҳама як чизҳои асримиёнагист ва шояд ҳаводиси ахир сабаб шавад, ки падидаи нангин барои абад аз ёди ҳокимон биравад.”

Амнияти Абдулназар аз ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, таҳаввулоти ахири ҷаҳони Араб мавзӯъи таҳвили қудрат аз падар ба фарзанд дар низомҳои ҳокими Осиёи Марказиро ба чолиши ҷиддие рӯбарӯ кард ва ин низомҳо акнун дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави таҳвили қудрат мешаванд: “То андозае як ҳарос дар вуҷуди онҳо медарояд. Лекин бо вуҷуд талош мекунанд, то яке аз наздикони худро ба қудрат биоранд. Чунки ин ҳокимон ба ақвоми дигару ба намояндагони маҳаллҳои дигар бовари комил надоранд. Баъзе раҳбаронро баъди рафтан аз мақом ба ҷавобгарӣ кашонидаанд. Ин тарс дар дили ҳар яки инҳо ҳаст. Ва онҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз чунин ҷавобгарӣ ҳатто фарзанди худро ҳам ба курсӣ нашинонанд, кӯшиш мекунанд, як нафари севвуми ба онҳо наздикро биоранд.”

Аммо ба ақидаи Сайфуллоҳ Сафаров, муовини раиси Маркази мутолиоти стротежии Тоҷикистон, ҳадсу гумонҳо дар бораи эҳтимоли аз падар ба фарзанд гузаштани зимоми давлат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар бофтаи хиёли расонаҳост, то кадом сиёсати ҳисобшуда ва матраҳ дар зеҳни ҳокимонаш: “Ба назари ман, онҳо шояд чунин андешаро шояд ҳатто дар сар надошта бошанд. Мантиқи ҳодисаҳое, ки дар Осиёи Марказӣ мегузарад, ҳокист, ки ҳеҷ яке аз президентҳои ин минтақа чунин корро карда наметавонад. Эҳтимоли чунин кор на аз нигоҳи мантиқӣ ва на аз нигоҳи сиёсӣ аслан вуҷуд надорад. Албатта, кӯшиш шояд шавад ва наздикони ин раисони ҷумҳуриҳо ҳамин гуна ҳаракатҳо кунанд, вале дар воқеъият чунин чиз дар Осиёи Марказӣ амалинашаванда аст.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG