Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Монеаҳои ифтитоҳи телевизиони форсизабонон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Сафири Эрон дар Душанбе аз омодагии кишвараш ба роҳандозии телевизиони форсизабонҳо дар иди Наврӯз хабар дод.

Таъсиси телевизиони муштараки форсизабон миёни Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон аз мавзӯҳоест, ки дар панҷ соли охир бештар садо медиҳад, аммо рӯзи пахши нахустин намоиши он то ҳанӯз номаълум аст.

Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Душанбе, дар сӯҳбаташ бо хабарнигорон бори дигар ба ин мавзӯъ дахл карда, омодагии кишварашро барои роҳандозии ин шабака дар ҷашни Наврӯз эълом кард.

Боз то Наврӯз

Алӣ Асғари Шеърдӯст ва Давлат Назрӣ
Аммо вай рӯи кор омадани ин шабакаро танҳо ба тасмими ниҳоии ҷониби Тоҷикистон марбут донист ва гуфт, "мо мунтазири эъломи назари расмии давлати Тоҷикистонем. Дар охирин мулоқоте, ки бо ҷаноби Фаттоев, мушовири раиси ҷумҳур доштем, сари мушкилот сӯҳбат кардем ва гуфтем, ки шумо таърихи оғози ин шабакаро эълом кунед. Гуфтем аз рӯзе, ки эълом кунед, мо аз 25 рӯз то як моҳ вақт лозим дорем."

Ба таъкиди ҷаноби Шеърдӯст, кишвараш таҷҳизоти зарурӣ барои роҳандозии ин шабакаи муштаракро дар Олмон харидорӣ карда, дар сурати то 20-уми феврал эълом шудани тасмими расмии давлати Тоҷикистон, телевизиони муштараки форсизабонон дар арафаи иди Наврӯз фаъол хоҳад шуд.

Ширкате, ки аз он таҷҳизот харидорӣ шудааст, дар муддати 20 рӯз метавонад, таҳҷизотро насб, таҳвил ва озмоиш кунад ва ҳамчунин мутахассисонро омӯзиш бидиҳад.

Ин дар ҳолест, ки таъсиси шабакаи муштараки телевизиони форсизабон ҳамеша дар нишастҳои матбуотии Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, аз мавзӯъҳои меҳварӣ маҳсуб мешавад ва борҳо вай омодагии кишварашро ба ин иқдоми муҳим баён кардааст. Ҳатто ҷониби Тоҷикистон биноеро барои фаъолияти ин шабака ҷудо кардааст.

Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизион
Раҳмонов: "Фурсат кам аст"


Аммо бо таваҷҷӯҳ ба он ки то ҷашни Наврӯз фурсати кам боқӣ мондааст, ҷаноби Раҳмонов мегӯяд, гумон аст, то он замон телевизиони муштараки форсизабони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ба кор оғоз кунад. Вай гуфт, "барои насби таҷҳизот ва фаъолияти кормандон на камтар аз ду моҳ даркор аст. Ҳол он ки як моҳе бештар, як моҳу 10 рӯзи дигар ба Наврӯз мондааст. Ба ин далел гумон аст, ки телевизиони муштараки сеҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон роҳандозӣ шавад."

Дар ҳоле ки чанд сол аст мақомоти Тоҷикистон ва Эрон омодагии худро ба иҷрои ин тарҳ намоиш додаанд, Афғонистон хомӯширо ихтиёр кардааст. Иршод Сулаймонӣ, муҳаққиқи тоҷик, ки мавзӯи таъсиси телевизиони муштараки форсизабон миёни Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистонро пайгирӣ карда, матолиберо низ ба нашр расонидааст, мегӯяд, барои иҷрои ин тарҳ пешорӯи Афғонистон забон мушкили аслист.

Мушкили забон, идеология...

Вай мегӯяд, "бубинед, дар Тоҷикистон забони давлатӣ тоҷикӣ аст ва дар Эрон форсӣ, ки забонҳои муштарак хонда мешаванд. Аммо дар Афғонистон ду забон - ҳам дарӣ ва ҳам пашту мақоми давлатӣ доранд ва имрӯз, ки дар ҳукумати Афғонистон намояндаҳо бештар аз қавми пуштунанд, ба ин далел, фикр мекунам, ин чизро зиёд хуш надоранд."

Афзун бар ин, ҷаноби Сулаймонӣ мӯътақид аст, ки сабаби зиёд алоқаманд набудани Афғонистон ба иҷрои ин тарҳ бештар ба мустақил набудани ин кишвар дар тасмимгириҳояш аст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, дар гурӯҳи корӣ барои таъсиси ин шабака намояндаи Афғонистон шомил нашудааст.

Аммо Раҷаби Мирзо, коршиноси тоҷик мегӯяд, ин тарҳ ба сабаби
Журналист Раҷаби Мирзо
идеологияи мухталифи кишварҳо, тарҳи муваффақе нахоҳад буд.

"Фикр намекунам, ки ҳукуматҳо чандон майл дошта бошанд. Азбаски дар се кишвари форсизабон идеологияи гуногун ҳоким аст. Ҳамчунин ин кишварҳое ҳастанд, ки майлҳои гуногуни сиёсӣ доранд ба ин хотир наметавонанд, муваффақ бошанд",-илова кард ӯ.

...ва ҳиҷоб

Зафари Сӯфӣ, рӯзноманигори тоҷик, низ дар тақвияти фикри Раҷаби Мирзо мӯҳтавои барномаҳо дар ин шабакаро мухолифати аслӣ миёни кишварҳо медонад ва мегӯяд, "Эрон бо сисола таҷрибаи телевизиони исломӣ магар ҳозир хоҳад шуд, то тамошобини ин кишвар барномаҳои ҷониби Тоҷикистонро, ки низоми дунявӣ дорад ва хонумонаш бо сару чеҳраи кушода дар телевизион намудор мешаванд, бубинад?"

Аммо аз ҷаноби Сӯфӣ мепурсам, ки ҷониби Тоҷикистон низ омода аст, то барномаҳои таҳиякардаи ҷониби Эронро таҳаммул кунад, вай мегӯяд, "шумо бубинед, онҳое, ки бо сатр ба мактабу донишгоҳ меоянд, намегузоранд, ки бо чунин пӯшиш биоянд. Пас хеле мушкил аст, ки бо чунин шакл дар телевизион чеҳранамоӣ бишавад."

Бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти мавҷуда бештари таҳлилгарон ва коршиносон, дар ояндаи наздик роҳандозӣ шудани телевизиони муштараки сеҷонибаи Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистонро ғайриимкон медонанд.

Онҳо мегӯянд, соли 2006 ҳангоме, ки мақомоти Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон иқдом ба чунин тавофуқе карданд, намедонистанд, ки иҷрои ин тарҳ мушкилоти фаровоне, аз ҷумла сиёсӣ ва идеологиро пеш меорад.
XS
SM
MD
LG