Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати шаш нафар дар роҳ сӯи Самарро


Дар Ироқ бар асари таркиши мошини ҳомили маводи мунфаҷира шаш нафар кушта ва чиҳил нафар маҷрӯҳ шуданд. Мошин сӯи шаҳри Самарро ҳаракат мекард. Қурбониёни ҳодиса зойирони шиа буданд, ки ба як маросими мазҳабӣ мерафтанд.
Панҷ сол пеш дар яке аз ҷойҳои муқаддаси Самморо ҳамлаи террористӣ анҷом шуда буд, ки ба муқовимати мусаллаҳона миёни шиаҳову сунниҳо дар Ироқ ибтидо гузошт.
XS
SM
MD
LG