Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарма ҳаракати нақлиётро мутаваққиф кард


Тарма ҳаракати нақлиётро дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд мутаваққиф кард. Хабаргузории Азия-плюс бо такя ба гуфтаҳои Дӯстмурод Забиров, сухангӯи Кумитаи вазъи изтирории Тоҷикистон, навиштааст, ки айни ҳол аз ду тарафи роҳ 35 мошини асосан боркаш дар асорати барф боқӣ мондаанд.
Ӯ афзудааст, ки бар асари тармафуроӣ ба касе осеб нарасидааст, ронандагону мусофирон дар қароргоҳҳои махсус ҷой дода ва бо маводи озуқа таъминанд, занону кӯдакон ба минтақаи амн интиқол дода шудаанд. Айни ҳол хадамоти Кумитаи вазъи изтирорӣ роҳро аз барф тоза мекунанд.
Сухангӯи Кумитаи вазъи изтирорӣ ҳушдор додааст, ки хатари тармафурмоӣ дар ағбаҳои кишвар боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG