Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба узви фаъоли ҲНИТ, радди дархости Узбакистон ва ташаннуҷи авзоъ дар Миср аз муҳимтарин матолиби ин ҳафтаи нашрияҳост.

"Сӯиқасд ба ҷони узви раёсати ҲНИТ", "Избит Ҳикматулло Сайфуллозода", "Дар пушти латукӯби журналистон кӣ меистад", "Сайфуллозода ба кӣ маъқул нашуд" аз сарлавҳа ва ановини матолибу гузоришҳои сафҳаҳои аввали нашрияҳои мустақили Душанбе ҳастанд.

Дар матолиби ин нашрияҳо оғози як марҳилаи тоза ва бархӯрди хушунатомез бо хабарнигорон ва фаъолони сиёсии соҳиби андеша ва ақидаи мухолифи ба афкору назари расмӣ хабар дода мешавад.

"Фараж", нашрияи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, изҳороти муштараки бархе аз созмонҳои хабарнигорӣ дар робита ба ҳодисаи ҳамла ба Ҳикматулло Сайфуллозодаро нашр кардааст, ки дар он аз сӯиқасд ба ҷони хабарнигор ба унвони "нангинтарин иттифоқот" изҳори нигаронӣ мешавад.

"Озодагон" иддаои гурӯҳи экологии парлумони Узбакистон, ки Бонки ҷаҳониро дар мусоидат ба иҷрои ин тарҳи давлати Тоҷикистон муттаҳам мекунад, матлаберо мунташир карда, онро аз қавли масъулони ин муассисаи молии ҷаҳонӣ бепояву асос хондааст.

Аммо "Миллат" таҳти унвони "Бедории арабҳо қудратҳои худкомаро бедор мекунад ё чаро дар либоси қонун Назарбоев умри сиёсиашро дароз кардан мехоҳад?" дар иртибот ба ҳаводиси Миср матлаби муфассалеро бо фикру назари коршиносон ба нашр расонидааст.

Давлати Усмон, таҳлилгари тоҷик, ба "Миллат" гуфтааст, "дигар мардум он афроди солҳои 20 ё 70-и қарни гузашта нест ва ҷаҳони Ғарб ҳам дарк кардааст, ки режимҳои худкомаву авторитариро бояд аз байн бурд, то мардум соҳиби ҳақ ва озодиҳо шавад. Вагарна, Миср аз кишварҳои асосии шарик ва ҳамкор бо Амрико ва Исроил дар минтақа ба ҳисоб мерафт."

Дар матлаби дигаре, ки ин нашрия таҳти унвони "Оли Хуҷанд ва ё заволи Хуҷанд" ба чоп расонидааст, мегӯяд "бо усули классикии маъмулӣ паҳн кардани воҳима, барангехтани бим, вусъат бахшидан ба нобоварӣ ба ҳукумат аз вилояти Суғд макони даргириҳо сохтан мумкин аст.

Ба навиштаи муаллиф "дар худи Душанбе низ як қатор нерӯҳои сиёсии аламзада ҳамдастӣ мекунанд."

"Тоҷикистон" дар як матлаб аз тарзу усули пешниҳоди андеша ва фикрҳои мардум ба лоиҳаи "Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"-ро, ки тавассути барномаи "Микрофони озод"-и шабакаи аввал сурат мегирад, интиқод кардааст.

Аҳмади Иброҳим, нигорандаи ин матлаб, мегӯяд, бисёре аз пешниҳодҳои мардум тавассути телевизион нишон дода намешавад, дар ҳоле ки ҳадафи раисҷумҳур аз пешниҳоди ин тарҳ омӯхтан ва истифода кардани ақидаи мардум аст.

"Наҷот", нашрияи Ҳизби наҳзати исломӣ, дар иртибот ба ҳодисаҳои баҳманмоҳи соли 1990-и шаҳри Душанбе, ки боис ба кушта шудани 25 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон шуд, матлабе ба нашр расонида КГБ-и собиқ Шӯравиро муқассири асосии ин ҳодиса шуморидааст.

Аммо "Имрӯз-нюс" зери сарлавҳаи "Нархи орд ё ғорати мардум" мавзӯи гароншавии қиммати орд дар бозорҳои Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифта, ба чунин натиҷа расидааст, ки иллати ин амр на танҳо дар афзоиши баҳои орд дар кишварҳои асосии содиркунанда аст, балки тоҷироне, ки онро ворид мекунанд низ дар гаронии нарх нақш доранд.

"Террористон дар Тоҷикистон аз куҷо пайдо шуданд?" таҳти ин унвон нашрияи "Нигоҳ" пурсишеро миёни коршиносон доир кардааст.
Абдуғанӣ Маҳмадазимов, коршиноси тоҷик, гуфтааст, яке аз омилҳо Афғонистон кишвари ноороми ҳамсоя бо Тоҷикистон аст ва дигар бунёди нерӯгоҳи Роғун, ки ба баъзе аз кишварҳо писанд нест метавонанд ба пайдоиши терроризм ва нерӯҳои террористӣ дар Тоҷикистон мусоидат кунад.

"Пайкон" таҳти унвони "Рақобати носолим ва сотсиалистони хаёлӣ" додани имтиёзҳо ба корхонаҳои алоҳидаи кишвар аз қабили "Талко", "Тоҷирон" ва "Сементи тоҷик" аз сӯи ҳукуматро кори нодуруст шуморидааст.

Нашрия менависад, корхонаи нассоҷӣ 1киловат соат нерӯи барқро ба 28 дирам, вале "Талко" ба нархи 8 дирам мехарад. "Пайкон" навиштааст, додани ин гуна имтиёзҳо шароит барои рақобати солим дар бозорро аз байн бурда, ҳар гуна шакку гумонҳоро дар ҷомеа ба бор овардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG