Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти боз як гумонбари таҳияи таркиш дар "Домодедово"


Фурудгоҳи "Домодедово" баъди таркиш

Фурудгоҳи "Домодедово" баъди таркиш

Дар робита ба таркиш дар фурудгоҳи “Домодедово”-и шаҳри Маскав гумонбари чаҳорум боздошт шуд. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс иттилоъ дод. Дирӯз додгоҳи шаҳри Магаси Ингушистон дар бораи ҳабси се тани гумонбар, аз ҷумла, хоҳару бародари маргталаб Муҳаммад Евлоев ҳукм содир намуд. Ин се нафар ахиран ба Маскав интиқол ёфтанд ва, ба иттилоъи хабаргузории РИА Новости, дар боздоштгоҳи “Лефортово” ҷой дода хоҳанд шуд.

Масъулияти таркиши маргталабона дар фурудгоҳи “Дододедово”-и Маскавро Доку Умаров, раҳбари ҷудоихоҳони чечен, бар дӯш гирифтааст.

Ёдовар мешавем, бар асари таркиши маргталабона дар ин фурудгоҳ, ки рӯзи 24 январ рӯй дод, 36 нафар, аз ҷумла, 3 шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шуданд. Алҳол 60 тан аз маҷрӯҳони ин ҳамла дар бемористонҳои Маскав ва вилояти Маскав таҳти назорати табибон қарор доранд.
XS
SM
MD
LG