Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш мунҷар ба ҳалокати раиси Чордара шуд


Дар вилояти Қундузи Афғонистон як маргталаб худро дар бинои ҳукумати ноҳияи Чордара инфиҷор кард, ки бар асари ин раиси ноҳия ва се тани дигар кушта шудаанд. Дар ин ҳодиса панҷ нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Маҳбубуллоҳ Сайидӣ, сухангӯи волии вилоят изҳор намуд, ки маргталаб бо баҳонаи ҷустуҷӯи кор вориди бинои ҳукумат шудааст. Ба гуфтаи ӯ, таркиш мунҷар ба ҳалокати Абдулвоҳид Умархел, ки солҳои тулонӣ раҳбари ноҳияи Чордара буд, муҳофизони ӯ ва сарвари як деҳа гардид.
XS
SM
MD
LG