Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қоҳира даъвати ИМА барои тезонидани ислоҳотро рад кард


Аҳмад Абдул Ғайт

Аҳмад Абдул Ғайт

Ҳазорон эътирозгарон дар майдони Таҳрири Қоҳира боқӣ монда истеъфои раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак ва шурӯъи ислоҳоти сиёсиро талаб доранд. Ахиран Аҳмад Абдул Ғайт, вазири умури хориҷии Миср, даъвати Амрико барои суръат бахшидан ба ислоҳоти сиёсӣ ба хотири интиқоли осоиштаи қудратро рад намуд. Ӯ дар сӯҳбат бо шабакаи телевизиони амрикоии PBS Newshour гуфт: "Амрикоиҳо меоянд ва мегӯянд, ки иваз шавед. Вале мо аллакай таъғир меёбем. Онҳо мегӯянд, ки ҳамин ҳоло шурӯъ кунед. Вале мо на имрӯз, балки ҳафтаи гузашта шурӯъ карда будем. Агар онҳо нозукиҳои зиндагии моро хубтар меомӯхтанд, шояд метавонистанд, ки ба тағйирот мусоидат кунанд".

Подшоҳи Арабистон саудӣ Абдуллоҳ низ аз раисиҷумҳури Амрико Барак Обама хостори мудохила накардан ба умури Миср шуд. Ду рӯз пеш муовини раисиҷумҳури Миср Умар Сулаймон хабар дод, ки барои таҳияи тарҳи қавонин оид ба интиқоли осоиштаи қудрат дар кишвар комиссиюни вижа таъсис шудааст.

Дирӯз ҳазорон тазоҳургарон роҳи вурудӣ ба порлумони Мисрро бастанд. Бинои парлумонро низомиён ва зиреҳпӯшҳо ҳимоят мекарданд. Дар шаҳраки Харқа, воқеъ дар ҷануби Миср, дар як силсила даргириҳо миёни тазоҳуркунандагон ва нирӯҳои давлатӣ 3 нафар кушта ва тақрибан 100 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд

Раҳбари Миср Ҳуснӣ Муборак эълом дошт, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи сентябр ширкат нахоҳад кард ва аммо мухолифин хостори истеъфои фаврии ӯянд.
XS
SM
MD
LG