Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврас худро миёни низомиён мунфаҷир кард


Бар асари ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Мардон, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, дасти кам 27 сарбози ҳукуматӣ ба ҳалокат расида, тақрибан 40 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, як наврас дар либоси мактабӣ вориди маркази тамринии нерӯҳои амниятӣ шуда, худро мунфаҷир кардааст.
Масъулияти ин ҳамларо толибон бар дӯш гирифтанд. Намояндаи онҳо ба хабаргузории Франс-Пресс гуфтааст, ин ҳамлаҳо фақат баъди он қатъ хоҳанд шуд, ки амалиёти нерӯҳои покистонӣ дар ин минтақа ва мушакборон аз сӯи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ хотима ёбад.
XS
SM
MD
LG