Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбарони таҳияи таркиш ба Маскав интиқол меёбанд


Имрӯз се нафари гумонбар дар таҳияи таркиш дар фурудгоҳи “Домодедово”-и шаҳри Маскав аз Ингушистон ба Маскав интиқол дода мешаванд. Ба иттилоъи хабаргузории РИА Новости, онҳо дар боздоштгоҳи “Лефортово” ҷой дода хоҳанд шуд. Дирӯз додгоҳи шаҳри Магаси Ингушистон, дар бораи ҳабси се тани гумонбар, аз ҷумла, хоҳару бародари маргталаб Муҳаммад Евлоев ҳукм содир намуд.
Тафтиши парвандаи таркиш фурудгоҳи “Домодедово”-и шаҳри Маскав идома дорад. Ду рӯз пеш чанд тан аз афсарони воломақоми Хадамоти федеролии амнияти Русия - масъулони таъмини амният дар нақлиёт, дар робита ба ин ҳодиса аз мақомҳояшон барканор шуданд. Раҳбари раёсати “Т” генерал-лейтенант Чернишев огаҳӣ гирифт, ба муовини аввали ӯ генерал Тямушкин танбеҳи қатъӣ доданд.
Масъулияти таркиши маргталабона дар фурудгоҳи “Дододедово”-и Маскавро Доку Умаров, раҳбари ҷудоихоҳони чечен, бар дӯш гирифтааст. Ёдовар мешавем, бар асари таркиши маргталабона дар ин фурудгоҳ, ки рӯзи 24 январ рӯй дод, 36 нафар, аз ҷумла, 3 шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шуданд. Алҳол 60 тан аз маҷрӯҳони ин ҳамла дар бемористонҳои Маскав ва вилояти Маскав таҳти назорати табибон қарор доранд.
XS
SM
MD
LG