Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маэҳара: Русия ҳаққи соҳибии ҷазираҳои Курилро надорад


Вазири умури хориҷии Ҷопон Сэйҷӣ Маэҳара изҳор намуд, Русия аз чӣ иқдоме дар баробари ҷазираҳои Курил кор нагирад, ҳаққи соҳибии онҳоро нахоҳад дошт. Маэҳара имрӯз бо як сафари корӣ вориди Маскав хоҳад шуд. Равобити миёни Маскаву Токио баъд аз сафари раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва вазири дифоъи кишвар Анатолий Сердюков ба ҷазираҳои Курил ба сардӣ гароид. Се рӯз пеш нахуствазири Ҷопон Наото Кан дар як гирдиҳамоӣ дар Токио сафари се моҳ пеши Медведев ба ҷазираҳои Курили ҷанубиро чун “дағалии нобахшиданӣ” арзёбӣ карда буд. Ҷопон ин ҷазираҳоро, ки баъд аз хатми ҷанги дуввуми ҷаҳон ба ихтиёри Иттиҳоди Шӯравӣ гузаштаанд, “қаламрави шимоли”-и худ мехонад.
Дирӯз Дмитрий Медведев изҳор намуд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар ин ҷазираҳо бояд таҳким дода ва нерӯмандтар шаванд.
XS
SM
MD
LG