Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пекин хостори эҳёи музокироти Пхеняну Сеул шуд


Имрӯз Пекин аз Кореяҳои ҷанубиву шимолӣ даъват намуд, ки музокироти мустақимро аз сар бигиранд. Вазорати умури хориҷии Чин бо пахши як баёния изҳори итминон кард, ки машварҳои ҳайатҳои ду кишвар идома хоҳанд ёфт.
Дирӯз гуфтугӯи мустақими ҳайатҳои низомии Кореяҳои ҷанубиву шимолӣ ноком поён ёфт. Ин музокирот дар деҳаи марзии Панмунҷом гузашт ва он нахустин нишасти мансабдорони Пхеняну Сеул дар тақрибан чаҳор моҳи ахир буд. 23 ноябри соли гузашта бар асари тирандозии низомиён шимол ба як ҷазираи Кореяи ҷанубӣ 4 нафар ба ҳалокат расиданд ва ин ду кишвари нимҷазираи Кореяро дар ҳоли омодабош ба ҷанг қарор дод.
XS
SM
MD
LG