Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати адлия молики "Пайкон"-ро ба додгоҳ мекашад


Вазорати адлияи Тоҷикистон бо ироаи ариза ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хостори қатъи фаъолияти созмони молики ҳафтаномаи “Пайкон” шуд. Масъулини вазорат гуфтаанд, Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ, ки муассиси ҳафтаномаи "Пайкон" аст, нишонии идораро тағйир дода, вале дар ин бора ба мақомот хабар надодааст ва ин нақзи қонун аст.
Ва аммо Ҷумъаи Толиб, раиси Бюро ва сардабири нашрияи "Пайкон" мегӯяд, чопи ду матлаби интиқодӣ дар бораи вазорати адлия бо унвонҳои "Истеъфо" ва "Бузкашӣ дар атрофи ЦУМ" боиси норозигии вазорати адлия шудааст. Аз нигоҳи ӯ, ҳадаф аз ин баҳси додгоҳӣ эҷоди мушкил барои чопи ҳафтаномаи "Пайкон" аст.
XS
SM
MD
LG