Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама тааҳҳудоти Амрикоро дар минтақа таъйид кард


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико бо Малик Абдулло-шоҳи Арабистони Саудӣ роҷеъ ба вазъи сисёсӣ дар Миср телефонӣ гуфтугӯ кард. Кохи Сафед мегӯяд, Обама тааҳҳудоти Амрикоро дар бораи сулҳи минтақа барои муддати тӯлонӣ таъйид кардааст.Дар ҳамин ҳол тазоҳукунандагон дархости истеъфои Ҳуснӣ Муборакро идома медиҳанд. Онҳо дирӯз роҳи вурудӣ ба бинои порламони Мисрро бастанд. Дар шаҳрҳои дигар даргириҳо ба вуқуъ пайваст. Аҳмад Абдулғейт-вазири корҳои хориҷии Миср гуфтааст, вай аз изҳороти Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико дар бораи ба таври фаврӣ аз миён бардоштани қонунҳои изтирорӣ "тааҷҷуб" кардааст.
XS
SM
MD
LG