Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел ба суолҳои кумиссиюни порламонӣ посух медиҳад


Ба нақша гирифта шудааст, ки имрӯз Ангела Меркел-нахуствазири Олмон дар кумиссиюни порламонии кишвараш роҷеъ ба ҳамлаи ҳавоии соли 2009 бар зидди Толибон, ки дар он аҳолии маҳаллӣ низ кушта шуданд, ба суолҳо посух диҳад. Ҳамлаи ҳавоӣ ба ду мошини ҳомили маводи сӯхт, ки Толибон онҳоро дар наздикии шаҳри Қундуз рабуда буданд, боиси куштори 142 нафар шуд. Дастури ин ҳамларо фармондеҳи олмонӣ содир карда буд. Вазири дифоъ ва раиси ситоди артиши Олмон, ки мехостанд ин амалиётро пинҳон доранд, аз мақомҳояшон истеъфо доданд.
XS
SM
MD
LG