Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Петербург 12 дарсади муҳоҷирони корӣ тоҷиконанд


Мақомоти шаҳрдории Санкт Петербург мегӯянд, ин шаҳр соли ҷорӣ ба 210 ҳазор нафар муҳоҷири корӣ ниёз дорад. Вале коршиносон мегӯянд, ки ҳоло дар ин шаҳр аз 300 то 400 ҳазор муҳоҷири корӣ бо кор машғуланд. Ба гуфтаи онҳо, дар миёни онҳо муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ кам нестанд. Бино ба маълумоти мавҷудаи шаҳрдорӣ, 58 дарсади ин муҳоҷиронро шаҳрвандони Узбакистон, 12 дарсадро шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ташкил медиҳанд. Дар ин бора сомонаи "Комсомольская правда" хабар додааст.
XS
SM
MD
LG