Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Амрико дар Душанбе хостори расидагӣ шуд


Сафорати Амрико дар Душанбе изҳороте пахш ва дар зимн аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кардааст, ки ҳамла ба Ҳикматулло Сайфуллозода-сиёсатмадори мухолифин ва сардабири нашрияи ҲНИТ ба таври дақиқ расидагӣ шавад. Дар ин изҳорот омадааст, "Сафорати Амрико ҳамла ба Ҳикматулло Сайфуллозодаро қотеона маҳкум мекунад. Мо аз ҳукмат дархост мекунем, ки ба ин ҳамла ба таври дақиқ расидагӣ анҷом бигирад ва гунаҳгорон ба муҷозот кашонда шаванд". Қаблан ҲНИТ низ дар изҳороти худ гуфт, "ин ҳамла амали хуб барномарезишуда аст, ки ҳадаф аз он тарсондан ва андохтани низоъ дар суфуфи ҳизб ва умуман ҷомеа аст".
XS
SM
MD
LG