Пайвандҳои дастрасӣ

Ба фаъолияти ширкатҳои нафтии Русия расидагӣ мекунанд


Мақомоти Русия расидагӣ ба фаъолияти 3 ширкати бузурги тавлидкунандаи нафти ин кишварро шурӯъ кардаанд. Ин се ширкат барои бо якдигар ҳамоҳанг кардани нархи нафт дар бозори дохилӣ муттаҳам дониста мешаванд. Хадамоти федеролии зидди инҳисорӣ ё зидди монополӣ дар эъломияе гуфтааст, ба фаъолияти ширкатҳои давлатии Роснефт, Газпром, Нефт ва ширкати хусусии Лукойл, ки нархи сӯхтро барои ҳавопаймоҳо ва дизел таин кардаанд, расидагӣ оғоз шудааст. Ин дар ҳолест, ки Владимир Путин-нахуствазир бо раҳбарони ширкатҳои нафтӣ мулоқот анҷом додааст ва гуфтааст, ки ин ширкатҳо талош доранд, суди буштар ба даст оранд.
XS
SM
MD
LG